(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altҲамшаҳриёни азиз!
Бо самимияти афзун кормандони корхонаҳои саноати сабук, собиқадорони меҳнат ва кулли алоқамандони соҳаи саноати сабукро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иди касбиашон сидқан муборакбод менамоям.
Саноати сабук соҳаи ҳаётан муҳими кишвар маҳсуб меёбад, зеро дар ҳамаи давру замон давлатро маҳз саноати сабук аз бӯҳрони иқтисодӣ бароварда метавонаду бас. Бо назардошти ин, ки саҳми саноати сабук ва кормандони он дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ бузург арзёбӣ мегардад, давлату ҳукумати кишвар ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри рушду такомули соҳа ва дастгириву ғамхорӣ нисбат ба заҳматкашони соҳа таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунанд. Хуҷанд бо маънои томаш шаҳри калони саноатист ва хоса бо корхонаҳои азими ресандагию бофандагӣ, рангуборкунию дӯзандагиаш шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ҳам дар миқёси олам  муаррифӣ гашта, дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир дониста шудаанд. Таъсис ва фаъолият бурдани корхонаҳои муштараки саноатӣ низ баҳри пешрафти соҳаи саноати сабук дар мамлакат қадами устуворе аст. Бояд тазаккур дод, ки аксари корхонаҳои саноати сабуки қаламрави шаҳр ба ашёи хоми беруна кам ниёзмандӣ доранд ва бештар барои истеҳсоли маҳсулот аз пахтаю пилла ва чарми дохилӣ истифода мебаранд.
Нақши соҳаи саноати сабук дар рушди иқтисодиёт ва дар ин радиф беҳдошти сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, ободонию зебоии шаҳри мо басо назаррас аст. Умедвори онем, ки кормандони ин соҳаи афзалиятноки иқтисодӣ минбаъд низ бо меҳнати пурмаҳсули худ дар рушду нумӯи шаҳру вилоят ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Дар ин рӯзи нек ба ҳар яки Шумо кулли алоқамандони соҳа саломатию сарбаландиҳо ва дар меҳнати садоқатмандонаатон баҳри рушди саноати мамлакат ва пешрафти иқтисодиёти кишвар муваффақиятҳо хоҳонам. Бигзор рӯзгори хурраму босаодат насибатон гардад!

 

Раиси шаҳри Хуҷанд                                               Раҷаббой Аҳмадзода