(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи Шӯрои шаҳрсозӣ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд.Субҳи имрӯз дар Маҷмаи фарҳангӣ- таърихӣ ва фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои шаҳрсозӣ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доир гардид.
Дар кори ҷаласа ба ғайр аз аъзоёни Шӯрои шаҳрсозӣ тамоми сохторҳои вобаста ба сохтмон, меъморӣ, муҳити зист, замин, шабакаи барқу телефон, ниҳодҳои давлатии назорату иҷозатдиҳии сохтмону меъморӣ ва ширкатҳои сохтмонӣ иштирок намуданд.
Қабл аз ҳама Раиси шаҳр аз лоиҳаҳои ширкатҳои сохтмонӣ ва муассисаҳои лоиҳакашӣ ошно шуда, бо муаллифони онҳо мулоқоти судманд анҷом дод.
Ба Шӯрои шаҳрсозӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 50 лоиҳаҳои гуногун пешкаш гардида, он асосан бунёди сохтмонҳои манзилӣ, марказхои савдо ва хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст. Раиси шаҳри Хуҷанд ба меъморон лоиҳакашон ва сохтмончиёну аъзоёни Шӯрои шаҳрсозӣ таъкид намуд, ки тамоми лоиҳаҳои пешниҳодшаванда бояд тибқи талаботи шахрсозию меъморӣ бо истифодаи унсурҳои миллӣ омодаю бунёд гарданд.
Нисбати чанд лоиҳаҳо Раҷаббой Аҳмадзода эрод гирифта аз шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд талаб намуд, ки ҳар як лоиҳа мавриди таҳлилу санҷиш қарор дода шуда, минбаъд барои бунёди иншоотҳои фароғатӣ-фарҳангӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ аз қабили кӯдакистону муассимсаҳои таълимӣ низ эътибор дода шавад.
Зикр гардид, ки ҳар як иншооти сохташаванда ҳатман таъминоти барқ ва хатти обу ташноби алоҳидаро дошта бошад. Ҳамчунин дар ҳар як бинои истиқоматӣ бунёди майдончаи варзишӣ, таваққуфгоҳро низ пешбинӣ гардад.
Ба роҳбарияти идораи «Тоҷиктелеком» дар шаҳри Хуҷанд супориш дода шуд, ки бо лоиҳакашону сохтмончиён ҳамкориро бештар намуда, назорат намоянд то дар иншоотҳои сохташаванда бояд хатти телефонии ноқилӣ ва радиои маҳаллӣ мавҷуд бошад.
Аз ҷониби иштирокдорони ҷаласа ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорони соҳа чанд тадбирҳои амалӣ пешниҳод гардид.
Аз ҷумла тариқи озмун муайян намудани лоиҳаҳои беҳтарин барои сохтмони иншоотҳои дар маркази шаҳр сохташаванда, содда намудани ҳуҷҷатгузорӣ барои гирифтани иҷозати сохтмон ва ташхиси он, ташхиси экологӣ, иҷозати истифодаи иқтидори барқӣ ва ғайра аз қабили ин таклифҳо буданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулин супориш дод, ки пешниҳоди иштирокдорони ҷаласаи кориро баррасӣ намуда, барои чораҷӯӣ чораҳои амалӣ андешанд.
«Имрӯз сарвари давлаи Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доири рушди соҳибкорӣ, ободии диёр дар ҳар сафари худ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят таъкид менамоянд. Маркази вилоят шаҳри Хуҷанд баробари шаҳри қадима буданаш бояд дар як вақт шаҳри зебою муосир бошад.»
Лозим ба ёдоварист, ки давоми солҳои 2010-2015 барои сохтмони 105 хонаҳои баландошёна, 35 корхонаҳои саноатӣ, 5 боғчаю мактаб ва 37 иншоотҳои дигар қарори Раиси шаҳр ба имзо расидааст.
То имрӯз бошад 8 хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба истифода дода шуда, дар 44 чунин иншоот корҳои сохтмонӣ оғоз шудааст. Аз ҷониби соҳибкорон бунёди 8 корхонаи истеҳсолӣ идома ёфта, сохтмони як корхона ба анҷом расида ба фаъолияти худ шурӯъ намудааст. Дар шаҳри Хуҷанд 2200 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб шудаанд, ки он раванди афзоиш дорад.
Ҳоло дар маркази вилоят,- шаҳри Хуҷанд 46 корхонаҳои сохтмонӣ фаъолият доранд.