(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altДӯстони азиз!
Кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зист!
Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Шумо-ҳамаи кормандони соҳа ва он нафаронеро, ки дар  соҳаи ҳифз ва беҳдошти муҳити зист заҳмат мекашанд, табрику муборакбод гуфта, ба Шумоён фирӯзиву бурдборӣ, зиндагии шоиставу пурнишотро таманно дорам.
Соли 1972 дар пойтахти Шветсия-шаҳри Стокголм Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист доир гардид. Дар он намояндагони 113 кишвар иштирок намуда, оид ба ҷашнгирии ҳамасолаи Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи  муҳити зист дар санаи 5 июн қарор қабул карданд. Аз ҳамон сол сар карда, бо ташаббуси барномаи Созмони Милали Мутаҳид оид ба муҳити зист бо мақсади мусоидат намудан ба беҳбудии вазъи муҳити зист ҳар сол дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист таҷлил мегардад. Имрӯз дар ҷаҳон кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, муҳофизону дӯстдорони табиат 43-юмин солгарди Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зистро ҷашн мегиранд.
Баргузории Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист барои хушдор додани ҷомеа дар хусуси муаммоҳои экологӣ имконият фароҳам меоварад, зеро сол аз сол таназзулёбии табиат, харобшудани вазъи муҳити зист дар сайёра ба мушоҳида мерасад.
Боварӣ дорем, ки Шумо-кормандони ҳифзи муҳити зист фаъолиятро баҳри пурзӯр намудани назорати давлатӣ оид ба беҳдошти муҳити зист ва оқилона истифода намудани сарватҳои табиӣ бо назардошти қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонед.
Тоҷикистон дорои табиати бою рангин мебошад. Кӯҳҳои сарбаланд, чашмаҳои мусаффову дарёҳои равон, боғу бӯстонҳо, гулзору чаманзорҳо, даштҳои фароху дараҳои хушманзара кишвари моро ҳусни дигар мебахшанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Солҳои охир дар миқёси шаҳру ҷумҳурӣ маъракаи ниҳолшинонӣ хеле вусъат гирифта, садҳо ҳазор дарахтони мевадиҳандаю сояафкан сабзонда шуданд. Дар ин замина ҳамчунин ба сабзкории гулгашту хиёбонҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мешавад. Ҷиҳати ҳифзи олами бойи набототу ҳайвонот бошад, дар ҷумҳурӣ Боғҳои миллӣ ва мамнӯъгоҳҳову парваришгоҳҳо таъсис дода шуда истодаанд. Бунёди боғҳои наву ҷангалзоркунии даштҳо низ ба ҳусни табиат ҷилои тоза мебахшанд.
Ҳамчунин дар ҳамкорӣ ва дастгирии шаҳрвандон бо риояи оддитарин қоидаҳои санитарӣ метавонем муҳити зистро аз олудашавӣ ҳифз намоем. Чунон ки барҳақ Президенти кишвар , Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Тоҷикистон як гӯшаи биҳишти рӯи замин аст. Аз ин рӯ, мо, шаҳрвандони ҷумҳуриро , зарур аст, ки ин неъмати бебаҳоро оқилонаву самаранок истифода карда, аз ифлосшавию харобӣ ва умуман ҳар гуна хатарҳои номатлуб  ҳифз намоем.»
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, кабудизоркунӣ ва гулзоркунӣ бо қарори Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, «Соли 2015-соли рушди фарҳанг ва гулҳо» эълон шудааст. Ҳадафи асосии ин қарор эҳёи анъанаҳои неки бунёдкории аҷдодон ва инкишофи ташаббускорию фаъолнокии ҳар як шаҳрванд ва ҳамаи сохторҳои ҷомеа барои ҳалли масоили умдаи маҳалли зист мебошад. Боварӣ дорем, ки Шумо кормандони ҳифзи муҳити зист барои амалӣ намудани ин ҳадаф нақши арзандаи худро мегузоред.
Дар таманнои он ҳастем, ки ба шарофати кордонию заҳматҳои Шумоён, шаҳрамон шукуфону обод ва дилҳои мардум шод мегардад.
Дар иҷрои рисолати касбиатон ба Шумо-кормандони ҳифзи муҳити зист комёбиҳо орзу менамоем!

Раиси шаҳри Хуҷанд                                                        Раҷаббой Аҳмадзода