(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Чорабинии кӯдакони вилоят дар шаҳри Хуҷанд.

Дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон, ки ҳамсола санаи 1 июн қайд карда мешавад, чорабинии идона доир гардид.
Ба мавзеи чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ташриф оварда шодишарики кӯдакону наврасон гаштанд.
Абдураҳмон Қодирӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш нахуст аз гӯшаҳои гуногуне, ки дар растаҳои гулпӯши Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ташкил карда шуда буданд, дидан намуда бо маҳсули дасти кӯдакону наврасон шинос гардид. Зимни шиносоиҳо ба ғолибони як қатор озмунҳо, инчунин ба 500 нафар кӯдакону наврасоне, ки дар гӯшаҳои гуногун меҳмононро бо хондани шеъру суруд истиқбол гирифтанд, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон ба 30 нафар кӯдакони дар озмунҳои гуногун ғолиб гашта, роҳхат ба истироҳатгоҳҳои вилоят супорида шуд. Баъди тамошои барномаҳои омоданамудаи кӯдакон  Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар назди ҳозирин бо суханони табрикӣ баромад намуд.
Раиси вилоят зимни суханронии худ кулли кӯдакону наврасонро бо фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрику муборакбод намуда, ба онҳо сиҳатмандию саломатӣ, хониши хубу аъло ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно намуд.
Таъкид гардид, ки ҳамасола 1 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари дигар мамлакатҳои олам Рӯзи байнамилалии муҳофизати кӯдакон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мешавад, ки ҳадаф аз он пеш аз ҳама ҷалби аҳли башар ба муаммоҳои кӯдакон, ғамхорӣ нисбати онҳо, муҳайё намудани шароити мувофиқи зист, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, таълим ва тарбияи ояндаи насли ҷавон аст.
«Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд намудаанд, ки «тарбияи насли навраси солим ва дорои рӯҳияи қавию нерӯи созанда вазифаи аввалиндараҷаи давлат ва аҳли ҷомеа мебошад» - афзуд, Раиси вилоят.
Абдураҳмон Қодирӣ инчунин илова намуд, ки дар Тоҷикистон аксарияти аҳолиро ҷавонону наврасон ташкил намуда, баҳри ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон, беҳтар намудани кори таълиму тарбия ва дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад.
Раиси вилоят дар ҳузури ҳазорҳо нафар иштирокчиёни чорабинии идона, ки аксар кӯдакону наврасон буданд, таъкид намуд, ки баргузории чорабинӣ дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” имкон медиҳад то онҳо бо Маҷмаа ва хусусан Хона - музейи шоири классики тоҷик Камоли Хуҷандӣ огоҳии бештар пайдо намоянд.
Дар охири чорабинӣ аз ҷониби истеъдодҳои ҷавони вилоят барномаи фарҳангӣ манзур гарида, барои кӯдакони аз шаҳру ноҳияҳои вилоят омадла ва 700 нафар кӯдакони мактаб-парваришгоҳхои вилоят дастурхони идона ороста шуд.