(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altКӯдакони меҳрубону саодатманд!
Кӯдакӣ даврони беҳтарини ҳаёти инсон аст. Моро зарур аст, ки нисбат ба кӯдакон ва ояндаи онҳо бетараф набошем ва пайваста баҳри хушнуду шоиста ба воя расидани онҳо кӯшиш ба харҷ диҳем. Ин аст, ки ҳамасола дар ҷаҳон 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад.
Ин иқдом соли 1949 дар шаҳри Маскав дар сессияи Совети Федератсияи демократии байналхалқии занон тибқи қарори Конгресси дуюми он поягузорӣ шуда буд. Ҳадафи он сафарбаркунии афкори ҷамъиятии ҷаҳон ба муборизаи муҳофизати бачагон аз хатари ҷанг, таваҷҷӯҳ ба тандурустӣ ва тарбияю таълими он дар асосҳои ҷомеаи демократӣ ҷорӣ кардан буд. Дар кишвари шукуфону соҳибистиқлоли мо кӯдакон ҳамчун ояндаи Тоҷикистони азиз ба ғамхорию парасторӣ ва таваҷҷӯҳӣ хосса фарогиранд. Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ ба тақдири кӯдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани кулли имконоти моддию маънавиро вазифаҳои асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн таъкид мекунанд. Аз Паёми Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: «Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин нерӯи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд.». Ин дастур ва сиёсати давлат ҳар яки моро водор мекунад, ки ба ҳаёту фаъолияти созандагони фаъоли ҷомеаи ояндаи кишвар мунтазам таваҷҷӯҳ зоҳир намоем. Кӯшиш ба харҷ диҳем, ки бачагон солиму бардам ба воя расанд, соҳиби донишҳои амиқ бошанд, аз арзишҳои волои миллӣ ифтихор кунанд, дар қалби саршори меҳру муҳаббаташон эҳсоси ватандорию худшиносӣ ҷӯш занад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон иброз доштанд:
«Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2015 дар кишвар «Соли оила» эълон карда шавад.»
Ҳадаф аз он, пеш аз ҳама тарбия намудани насли солим, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила, баланд бардоштани сатҳи маърифати оиладорӣ ва таҳким бахшидани мавқеи оила дар ҷомеа мебошад.
Аз ҷониби Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ соли 2015 дар миқёси вилоят «Соли рушди фарҳанг ва гулҳо» эълон гардидааст. Бинобар ин дар амалӣ шудани ин иқдоми наҷиб ҷавонону наврасонро мебояд саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ягон табақаи аҳолӣ аз ғамхорию парасторӣ берун нест. Маҳз пойдории сулҳу салоҳ аст, ки рӯзгорамонро рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Инчунин ба кӯдакони ятиму бепарастор таваҷҷӯҳи хоса рӯз аз рӯз бештар мешавад. Сарвари мамлакат борҳо дар баромадҳояшон изҳор доштанд, ки «Ман ба кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюбон муроҷиат карда изҳор менамоям, ки Шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоиву бесоҳибӣ намегузорам.» Шаҳодати воқеъияти ин суханони пурмеҳр ҳаёти озоду ободи имрӯзи мост.
Қобили қайд ва боиси ифтихор аст, ки Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба дастгирии модару кӯдак, тарбияи ҷисман ва руҳан солими онҳо ғамхорӣ ва диққати махсус медиҳанд, ки кӯдакон айёми беғаши умрро хуш гузаронанд ва аз ҳеҷ чиз камӣ надошта бошанд.
Хушахлоқу меҳнатдӯст тарбия кардани кӯдакон, дар қалби кӯчаку орзупарвари онҳо ҷой намудани эҳтироми калонсолон, эътиқоду садоқат ба роҳи пуршарафи волидайни шарафманд мақсаду мароми фаъолияти ҳаррӯзаи мо буд ва ҳаст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамеша ба оилаҳои камбизоат ва кӯдакон, махсусан ба кӯдакони ниёзманду сиҳатиашон коста ғамхории муттасил ва сарпарастӣ карданро дар мадди назари аввал медорад.
Дар шаҳр барои модару кӯдак фароҳам овардани шароити мусоид дар мадди назар аст. Барои афзунии шумораи  кӯдакистонҳо, таъсиси кӯдакистонҳои хусусӣ, таъмиру тармими онҳо, таъмини ғизоӣ, ҳифзи тандурустии кӯдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон, баланд бардоштани мақому манзалати мактаб корҳои зиёд амалӣ мешаванд.
Дастгирии оилаҳои камбизоат, кӯмаки пайваста ба кӯдакони ятиму бепарастор, ғамхорӣ ба парваришгоҳҳои махсус давра ба давра такмил меёбад.
Фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба кулли кӯдакону наврасон табрику муборакбод намуда, барои онҳо даврони саодатёри наврасӣ, оромию осудагӣ ва хандаи ҷовидонаи беғаши тифлиро таманно дорем. Бигзор кӯдакони мо ҳамеша сарбаланду саодатманд ва ворисони арзандаи Ватани хеш бошанд.
Ҳамеша сиҳатманду солим бошед, кӯдакони меҳрубон!

 

Раиси шаҳри Хуҷанд                                          Раҷаббой Аҳмадзода