(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Рӯзи кӯдакон пуршукӯҳ таҷлил хоҳад шуд.Дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи ҳимояи кӯдакон,ки ҳамсола санаи 1 июн қайд мегардад, имсол низ чорабинии пуршукӯҳ доир хоҳад шуд.
Дар ин рӯз маҷмаи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба идҷой табдил хоҳад ёфт.
Дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, дар ин рӯз намоиши маҳсулоти ҳунарҳои халқии аз ҷониби кӯдакону наврасон омода гашта, адабиёти бачагона, барномаи консертии ҳунармандони ҷавон  баргузор гашта, бо қувваи табиатдӯстони ҷавон «Гӯшаи зинда»-и парранадаҳо,моҳичаҳо ва дигар ҳайвоноти хонагӣ ташкил карда мешавад.
Ҳамчунин дар қисматҳои орододашудаи ин мавзеи фароғатӣ-фарҳангӣ кӯдакони муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят барномаҳои худро дар мавзӯи хаёти солим, зебоипасрастӣ, шеъру адабиётдӯстӣ ва ғайра манзури иштирокдоронит чорабинӣ хоҳанд кард. Масъулини чорабинӣ ният доранд бо мақсади ташаккули завқи зебоипарастӣ ва ҷалби кӯдакону наврасон ба варзиш озмуни «Расми беҳтарин дар асфалт», тенниси рӯи мизӣ,шоҳмоту шашка низ доир намоянд.
Дар рафти чорабинӣ барои ҳозирон барномаи консертии истеъдодҳои ҷавон пешкаш хоҳад шуд.