(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Тағийроти кадрӣ дар шӯъбаи меъмории шаҳр.Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз 13 майи соли 2015, Исоев Абдумубин Аскарович Мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин гардидааст.
Абдумубин Исоев соли 1987 Институти политехникии Тоҷикистон ва соли 1991 Институти меъмории шаҳри Москваро бо ихтисоси «Меъмор» хатм кардааст.
Фаъолитяи меҳнатии худро, солҳои 1991 чун меъмори Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрострой» дар шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, солҳои 1992-1995 дар вазифаи муҳандиси шӯъбаи техники-истеҳсолии муассисаи байни ноҳиявии хоҷагии гази «Ленинободгаз», солҳои 1995- 2003 сардори шӯъбаи техники-истеҳсолии муассисаи байни ноҳиявии хоҷагии гази «Ленинободгаз», ва солҳои 2003-2010 сармуҳандиси шӯъбаи техники-истеҳсолии муассисаи байни ноҳиявии хоҷагии гази «Ленинободгаз» буд. Дар солҳои 2010- 2012 дар вазифаи мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  фаъолият дошта, соли 2012 раиси кооперативи истеҳсолии «Лаъли Нигин»-ро ба зимма дошт.
Солҳои 2012-2013 фаъолитяи меҳнатии худро чун сармуҳандис-ҷонишини директори КФ КДВ «Лоиҳакаш» дар шаҳри Хуҷанд ва солҳои 2013-2015 директори КФ КВД «Лоиҳакаш» дар вилояти Суғд буд.
Оиладор соҳиби чаҳор фарзанд.