(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Муроҷиати ҷавони имконияташ маҳдуд ба Раиси шаҳри Хуҷанд.Рӯзи шанбеи сипаришуда Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд рӯзи қабули худро доир намуд.
Давоми рӯз зиёда аз 40 нафар шаҳрвандон барои ҳалли мушкилоти худ муроҷиат намуда, бо Раҷаббой Аҳмадзода мулоқоти бевосита намуданд.
Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 9 нафар барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 2 нафар барои таъмини ҷойи кори доимӣ, 4 нафар барои дастрас намудани масолеҳи сохтмон муроҷиат намуданд.
Ҳамчунин чанде аз сокинон барои кӯмаки муолиҷа, баҳси манзил, кӯмаки молӣ, барқарор намудани саломатӣ ва ғайра низ дархост намуданд. Ҷавонписари 17 сола, сокини кӯчаи Ленин 226 аз кӯдаки маюби гурҳҳи як буда, ба Раиси шаҳри Хуҷанд барои амалӣ гаштани орзуи зиндагиаш ,- мулоқот бо ҳунарманди машҳури синамои ҳиндӣ Ритик Рошан муроҷиат намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин доири андешидани чораҳои лозима барои амалӣ гаштани ин хоҳиши Далер Раҳматов супориш дод.