(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд дастгирӣ намудани истеҳсолкунандагони ватаниро талаб намуд.Баробари ба интиҳо расидани соли хониш дар мактабҳои маркази вилоят омодагӣ ба соли хониши нав оғоз ёфт.
Дар ҳамин замина бо дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати таҳия ва баррасии тарҳи нави либосҳои мактабии муҳассилин дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ, тарроҳон ва коргоҳхои дӯзандагӣ шурӯъ гардид.
Бо мақсади шиносоии бештар   аз ҳолати имрӯзаи   таъмини хонандагон бо либоси мактабӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба коргоҳи бофандагию  истеҳсолии «Нассоҷии  Хуҷанд»  омад.
Коргоҳи мазкур бо назардошти талаботи имрӯзаи бозор, дастгоҳҳои бофандагии муосир ворид намуд, ки ин тадбир барои ҷори гаштани технолгияи нави истеҳсоли матои хушсифати ватанӣ боис гардид. Барои ҷалби харидорон ва мизоҷони маҳаллӣ коргоҳ намоиши маҳсулоти худро ташкил намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми боздид ва шиносоии бо навъи матоҳои коргоҳ ва либосҳои омодагаштаи мактабиён, кормандони тибб, либоси низоми барои ҳарбиён, кормандони савдо ба роҳбарити корхона таъкид дошт,ки тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми корхонаю муассисаҳои кишвар бояд пеш аз ҳама маҳсулоти ватаниро истифода бурда, талаботи мардумро бо он таъмин намоянд.
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҷониби роҳбарияти коргоҳи номбурда иттилоъ дода шуд, ки айни замон иқтидори корхона барои таъмини тамоми муассисаҳои таълимӣ тиббӣ ва ҳарбии  вилоят ва берун аз он бо маҳсулоти тайёри дӯхташуда ва ҳам мато чун ашёи хом кифоягӣ мекунад. Ҳоло барои дӯхтани курта, шиму кастюм ва либосҳои ягонаи мактабӣ барои духтарон намунаҳо омода карда шуда, баробари бастани шартнома коргоҳ омода аст талабномаҳои мизоҷонро бе маҳдудият қабул намояд. Ҳоло як метри матои куртаи мактабӣ 17 сомонӣ буда барои пурра омода гаштани ҳар як либос иборат аз курта ва шиму кастюм, то 150 сомонӣ масраф мегардад. Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод, ки дар тамоми 48 макотиби шаҳр коргоҳҳои дӯзандагӣ, роҳбарияти корхона вохӯрӣ ташкил намуда, доири фармоиш ва қабули дархости либоси ягонаи мактабӣ гуфтушунид намоянд. Роҳбарияти корхонаи «Нассоҷии Хуҷанд» бобати ба роҳ мондани истеҳсоли пойпӯши духтарона ва гарданбанди пешоҳангон муваззаф гардиданд.
Раҷаббой Аҳмадзода бо кормандони корхонаи муштаракаи «Веттоҷ» низ сӯҳбат анҷом дода, доири сатҳу сифати истеҳсоли матои адрасу атлас ва таълими ҷавондухтарон дар маркази таълимию истеҳсолӣ дар ин коргоҳ, ташкили мағозаҳои махсусгардонидашудаи фурӯши маҳсулоти аз ин мато омодагашта низ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.
Таъкид гардид, ки дар торафт зиёд гаштани талабот мардум ва сайёҳони хориҷӣ ба ин матои суннатӣ ҳунармандонро водор мекунад, ки барои истифодаи усулҳои гуногуни омӯзиши бозор ва фурӯш чораҷӯӣ намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳоло дар шаҳри Хуҷанд 12 корхонаҳои дӯзандагии либосҳои мактабиён фаъолият дорад.