(3 овоз, миёна 4.67 аз 5)

Мулоқоти судманд: Тарбияи ҷавонон беҳбудӣ мехоҳадДар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд вохӯрии намояндагони кумитаҳои мухталифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маориф, раисони Шӯрои занони кумитаи маҳаллаҳо, минтақаҳои истифодаи манзил, имом-хатибони масҷидҳои шаҳр доир гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси шаҳр Муҳаббат Бобоҷонова оғоз бахшид.

Намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Азимова сухан карда, доир ба масъалаҳои танзими расму оин, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, коста шудани ахлоқи занон, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ибрози назар кард.

Намояндаи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ҷалолиддин Амиров доир ба танзими тантанаҳои «Занги охир», «Иди алифбо» ва имконияту имтиёзҳое, ки толибилмон барои таҳсил дар хориҷи кишвар доранд, маълумот дода, даст задани наврасонро ба ҷинояткориву амалҳои номатлуб хеле ташвишовар арзёбӣ намуд ва тарбияро дар солимии ҷомеа аввалин дараҷа номид.

Намояндаи Кумита оид ба кор бо дини Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Азизов дар бобати фароҳам овардани имкониятҳо оид ба зиёрати Хонаи Худо, афзудани шумораи масҷидҳо ва гаравидани ҷавонон ба мазҳабҳои дигар сухан кард.

Намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозорбой Орифов арз дошт, ки 70 фисади кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Барои дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ тарбия кардани ҷавонон корҳои зиёдеро ба сомон мерасонад, вале то ҳанӯз саркашии ҷавонон аз хизмат дар сафи Артиши миллӣ, гаравидани онҳо ба ҳаргуна ҳизбҳо ва ҷиноятсодиркунӣ ба назар мерасанд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуҳаким Шарифов дар хусуси танзими расму оин, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ибрози назар намуд. Дар ҷамъбаст байни меҳмонон ва фаъолони шаҳр саволу ҷавоб доир шуд.