(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд дар таҷлили «Рӯзибайналмилалии оила»Субҳи имрӯз дар тарабхонаи «Мирзоён»-и шаҳри Хуҷанд чорабинии идона бахшида ба «Рӯзи байналмилали иоила» бо иштироки оилаҳои барӯманд ва роҳбарияти МИҲД шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи оила табрику таҳният гуфта, оиларо ячейкаи ибтидоии давлат номид. Вай гуфт, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ибтидо мегирад ва аз ин рӯ, ҳамагонро лозим аст, ки дар солим нигоҳ доштани оила, тарбияи фарзандон дар руҳияи ахлоқҳои ҳамидаи инсонӣ бикӯшанд.
Дар шаҳри мо даҳҳо оилаҳои барӯманд ҳастанд, ки худ замоне дар пешрафту гул-гулшукуфии кишвар хизмати шоиста кардаанду имрӯз бошад, фарзандону пайвандони онҳо ба ҷомеа хизмати шоиста мекунанд,- гуфт Раиси шаҳр,- оилаҳои Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ Ҳамроҳ Тоҳирова, ходими давлатию ҷамъиятӣ Биҳоҷал Раҳимова, бофандаи пешқадам Мағфират Дадобоева, табиби номӣ Марҳамат Сайдуллоева ва даҳҳо дигарон, ки барои оилаҳои ҷавон намунаи ибратанд. Иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд дар таҷлили «Рӯзибайналмилалии оила»Дар чорабинӣ оилаҳои барӯманд ҳамсарон Исматҷон Шерматову Сабоҳат Миркалонова ва Тӯхтабой Улмасову Бароатҷон Ӯлмасова, ки солҳои зиёд дар аҳлию иттифоқӣ умр ба сар мебаранд, аз таҷрибаи зиндагии якҷоя ва лаҳзаҳои фаромӯш ношудании рӯзгорашон нақлҳои аҷиб карданд.
Суруду таронаҳо дилангези ҳофизони писандида Муҳиддин Ғозиеву Носир Раҳимов, Абдумавлон Дадобоеву Абдураҳмон Абдураҳмонов табъи ҳозиринро болида дошт. Ҳамзамон аз ҷониби ҳунармандони Театри ба номиХоҷа Камол саҳнача аз рӯзгори як оила нишон дода шуд.
Ба оилаҳои барӯманд тӯҳфаҳои хотиравии МИҲД шаҳрро Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода тақдим кард.