(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altҲамдиёрони гиромӣ, иштирокчиёни бартарафсозии садамаи мудҳиши Чернобил!
Ҳамагон хуб дар ёд дорем, ки санаи 26 апрели соли 1986 бар асари садама дар яке аз агрегатҳои Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ҳодисае ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он муҳити атрофи давлатҳои зиёди кураи замин дучори ифлосшавии радиатсионӣ гардид ва солимии аксари аҳолии ҳамшафат зери хатар монд.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ, аз ин ҳодисаи мудҳиш қариб 30 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, осори он то ҳол дар ҳаёту фаъолияти иштирокчиёни бартарафкунии ин садамаи аср аз байн нарафтааст.
Таърих ёд дорад, дар бартарафсозии ин ҳодисаи мудҳиш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, аз шаҳри бостонии Хуҷанд 120 нафар ҷавонмард бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои анҷом додани ин амали башардӯстона ширкат варзид. Ҷавонмардони шуҷоъи хуҷандӣ собит намуданд, ки барояшон амнияти аҳли башар, ободии Ватан ва дӯстии халқҳо арзиши бузург дорад. Бар асари оқибатҳои ин садама ҷонфидоёни Ватан ба бемории радиатсионӣ гирифтор шуда, баъзеашон бармаҳал бо ҳаёт гуфтанд. Хотираи неки фарзандони  ҷоннисори Ватан дар дилу дидаи мо абадӣ боқӣ хоҳад монд.
Соли 2001-ум роҳбарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба роҳбарияти  Созмони Миллали Муттаҳид  пешниҳод карданд, ки санаи 26-уми апрел ҳамасола чун «Рӯзи байналхалқии ёдбуди бартарафкунандагони садамаи истгоҳи барқи атомии Чернобил» қабул карда шавад. Пешниҳод хуб пазироӣ шуд.
Алҳол, 58 нафар иштирокчии бартарафсозии садама дар ҷамъияти шаҳрии «Иттифоқи Чернобил» муттаҳид шуда, барои ҳал намудани баъзе муаммоҳои ҷойдошта якҷоя амал менамояд. Ташкилоти мазкур ба таъмину ҳифзи ҳуқуқи бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил машғул мебошад.
Дар остонаи Рӯзи ёдбуд ва гиромидошти иштирокчиёни бартарафсозии ин садамаи мудҳиш қарори махсус ба тасвиб расонидем, ки аз ғамхориҳои рузафзуни Президенти кишвар. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ маншаъ мегирад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар оянда низ бо мақсади эҳтиром гузоштан ва зинда доштани номи онҳое, ки бар асари ин фалокат, бо ҳаёт падруд гуфтаанд, тамои чораву тадбирҳоро меандешад, то ки наврасону ҷавонон аз ин мардони шуҷоъи Ватан дарси ҷавонмардӣ биомӯзанд.
Ватан ҳар амали неки шуморо ёд дорад, иштирокдорони бартарафсозии садамаи атомии Чернобил!
Ҳамеша саломату бардам бошед, дӯстони гиромӣ!