(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Рӯзи ягонаи мудофиаи гражданӣДар Мактаби таҳсилоти умумии миёнаи №17 шаҳри Хуҷанд Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд ва Идораи маорифи шаҳр машқи якҷоя таҳти унвони «Рӯзи ягонаи мудофиаи гаржданӣ» баргузор намуданд.
Дар ин чорабинӣ Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҳайси дастаи муқовимат ба офат баромад кард.
Ҳадафи асосӣ аз ин машқ мустаҳкам намудани имконият ва такмили малакаи хонандагон омӯзгорон дар ҳолатҳои фавқулодда ва офати табии аст, -гуфт, зимни сӯҳбат роҳбари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода,- мақсади муҳимтар такмил додани маҳорату малакаи хонандагон нисбати расонидани ёрии аввали тиббӣ ба офатзадагон мебошад. Тибқи нақша дастаи ҶҲАТ дар вилояти Суғд рӯзи офат ба «маҳалли воқеа»- МТМУ №17 омада якҷоя бо хонандагони мактаб ба офатзадагон ёрии аввалини тиббӣ расонида онҳоро ба ҷойҳои бехавф кӯчониданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳимҷон Иброҳимов ва сардори кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаву мудофиаи граждании маркази вилоят подполковник Шарифов Ғ. М. ба фаъолони чорабинӣ, аз ҷумла, ба дастаи ҶҲАТ дар вилояти Суғд бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуданд.
Тазаккур бояд дод, ки ҶҲАТ дар вилояти Суғд минбаъд низ ҳамкориро бо ташкилоту муассисаҳои гуногун нисбати паст кардани хавфи ҳолатҳои офат ва фавқулодда, аз ҷумла дар доираи нақшаи чорабиниҳои Шӯрои мутобиқгардонии ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар барои ҳолатҳои фавқулодда идома медиҳад.