(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷаласаи кории Раиси шаҳри Хуҷанд.Субхи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки роҳбари дастгоҳ, муовинони Раиси шаҳр ва роҳбарони воҳидҳои сохтори Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи корӣ доир намуд.
Қаблан Раиси шаҳри Хуҷанд доири иҷрои супоришҳои худ дар мавриди эҳтиёт ва нигоҳдории дарахт ва гулу лолаҳои ороишӣ аз сармои ду се рӯзи охир пурсиш намуд.
Ба Раҷаббой Аҳмадзода маълумот дода шуд,ки давоми шабонрӯзи гузашта гулу ниҳолҳои баҳорӣ бо плёнкаҳои полиэтилэнӣ рӯйпӯш карда шуда, барои аз хунукзанӣ эмин  доштани онҳо, чораҳои фаврӣ андешида шуданд. Раиси шаҳр таъкид намуд, ки баъди гузашти рӯзҳои сармо бояд тамоми гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ  бозбинӣ ва аз санҷиши мутахассисон гузаронида шуда, ба ҷойи ниҳолу гулҳои осебдида гулбуттаҳои нави ороишӣ шинонда шаванд. Идораи роҳсозӣ вазифадор гадид, ки роҳҳои шаҳрро дар ҳолати бехавфи ҳаракати нақлиёту пиёдагард нигоҳ дошта ба яхбандии онҳо роҳ надиҳанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамчунин ба корҳои омодагӣ ба ҷашни 70 солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ эътибор дода, ба масъулини соҳаи ободонӣ, сохтмону меъморӣ супориш дод, ки мавзеҳои «Оташи абадӣ» ва маҷмаи ёдгории «Шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ» таъмир ва тармим карда шуда, тарҳи нави гулкорӣ,  ободонӣ ва фаввораҳо амалӣ карда шавад. «Ин мавзеҳо  низ чун дигар нуқтаҳои ободу зебои шаҳрамон, бояд макони ифтихорӣ ва фарҳангию фароғатии сокинон ва меҳмонони маркази вилоят бошад.» зикр намуд Раҷаббой Аҳмадзода.
Дар ҷаласа инчунин аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бобати омода намудани чанд лоиҳаҳои меъморӣ барои абадӣ гардонидани фарзандони номдори диёр, рафти омодагӣ барои сафарбар намудани даъватшавандагон ба сафи Артиши Миллӣ, рушди соҳибкорӣ ва фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, иҷроиши нақшаи буҷаи маҳаллӣ ва дигар масалаҳои шаҳрдорӣ ба мутасаддиён вазифагузорӣ карда шуд.