(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Лолаҳои Наврӯзии Хуҷанд.

Дар шаҳри Хуҷанд мавсими шинондани лолаҳои хушранг идома дорад. Шурӯъ аз имрӯз дар саҳни ҳавлӣ ва гулгашти назди Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд лолаҳои навшукуфта шинонда шуда истодаанд. Лолаҳои Наврӯзии Хуҷанд.Дар асоси супориши Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода шаклу усули ороиш, шинондан ва гулкории майдонҳо аз солҳои гузашта куллан фарқ мекунанд.
Тубакҳои гул дар гулмонакҳои бо намудҳои гуногунсохташуда гузошта шуда, рангу намуди гули лола ҳангоми ороиш ба назар гирифта мешавад.
Давоми ҳафтаи равон тамоми корхонаҳои ташкилотҳои маркази вилоят барои намуди наврӯзӣ гирифтани шаҳр бояд корҳои гулкорию сабзпӯширо ба анҷом расонанд. Лолаҳои Наврӯзии Хуҷанд.Тибқи нақшаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Наврӯзи ҷаҳонӣ  зиёда аз 30 ҳазор дона гули лола шинонда мешавад.