(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБаҳри амалӣ намудани Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим ва яке аз самтҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои №25 ва №26-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишии «Офарин» таҳти шиори «Мо кӯдакони хушбахтем» баргузор гардид.

Дар мусобиқаи варзишӣ ду даста, яке бо номи «Донояк»-тарбиятгирандагони кӯдакистони №25 ва дастаи дуюм бо номи «Ҳушёрак»-тарбиятгирандагони кӯдакистони №26 бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Иштирокдорони мусобиқа аз рӯйи шартҳои давидан аз байни монеаҳо дар шакли морпеч, ҷаҳиш аз ҳалқа бар ҳалқа, ҳалқача нишон гирифтан, болои тӯпи калон нишаста, ҷастан, ҳалқаҳоро аз болои худ гузаронидан, бозиҳои гуногуни варзишӣ ва ғайраҳоро бо маҳорати баланд ва завқи кӯдакона иҷро намуданд.

Дар натиҷаи қувваозмоӣ дар мусобиқаи Офарин дастаҳои «Ҳушёрак» бар «Донояк» мусовӣ намуданд. Ба ғолибон ва иштирокдорони мусобиқа туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Ҷараёни мусобиқаи варзишии «Офарин»-ро мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхўҷаева мушоҳида ва ба маҳорат, ҷусту чолокӣ ва сайънокии и тарбиятгирандагон баҳои баланд дода, баргузор шудани шудани чунин мусобиқаҳоро байни кўдакистон фоли нек арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки он ба солимии кўдакон ва таҳкими дўстию рафоқат мусоидат менамояд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд