(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБа истиқболи 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо иштироки олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Таҳсилоти фосилавӣ: воқеият ва дурнамо” доир гардид.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои иқтисодӣ Усмонҷон Ахмедов чорабиниро оғоз намуда, номаи директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Саидиро ба самъи ҳозирин расонид.

Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷорӣ гардидани системаи таҳсилоти фосилавиро дар шароити пешрафти иқтисодиву истеҳсолӣ амри зарурӣ шуморида, ба роҳбарони мактабҳои олӣ дастур дода буданд, ки ҳар чи тезтар ба ин усули таълимӣ гузаранд. Зеро ин намуди таҳсилот барои шахсоне, ки ҷои кории худро тарк карда наметавонанд, бо доштани мушкилиҳои ҳаррӯзаи зиндагӣ имконияти таҳсили шакли рӯзона надоранд, шароит медиҳад, ки соҳиби маълумоти олии касбӣ гарданд. Бартарии дигари таҳсилоти фосилавӣ дар он аст, ки вақт самаранок истифода шуда, камшавии хароҷот аз ҳисоби маблағи хониш ва воситаи нақлиёт дида мешавад. Алҳол дар таҳсилоти фосилавӣ 320 нафар донишҷӯ аз рӯи 8 ихтисос таҳсил мекунанд. Донишҷӯёни таҳсилоти фосилавии ДПДТТХ ба номи академик М.С.Осимӣ дар гӯшаву канорҳои гуногуни ҷаҳон ба монанди ШМА, Олмон, Русия, Корея Ҷанубӣ ва ғайраҳо фаъолият бурда истодаанд. Раванди таълим бо воситаи портали омӯзишӣ www.fosilavi.tj ба роҳ монда шудааст. Таъминоти барномавии он дар асоси омӯзиши системаҳои таҳсилоти фосилавии мамлакатҳои пешқадам аз тарафи барномасозони худи донишкада тартиб дода шуда, ба шабакаи глобалии Интернет пайваст аст ва бинобар ин новобаста аз масофаи ҷойгиршавии байни устоду донишҷӯ раванди таълим амалӣ мегардад. Дар портали мазкур 320 кабинети инфиродӣ барои донишҷӯён, 103 кабинети инфиродӣ барои устодон ва 4 кабинети инфиродӣ барои кормандони маркази таҳсилоти фосилавӣ омода карда шудааст. Портали мазкур дорои 8 шаҳодатномаи ба қайдгирии давлатии захираи иттиллоотии аз тарафи муассисаи давлатии “Маркази давлатии патенту иттилоот” назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Зимнан бояд гуфт, ки маводи таълимии устоди дарсдиҳанда таҳти назорати маркази донишкада қарор гирифта, сомона саҳифаи назоратӣ барои мушоҳидаи саривақт омода намудани маводи таълимии устодон, тафтиши саривақтии супоришҳои иҷрошудаи донишҷўён, эзоҳи баллҳои гузошташуда мавҷуд аст. Барои ташкили муоширати зинда бо омўзгор дарсҳо тариқи онлайн –вебинарҳо омода шудааст, ки аз ҳар як фан дар давоми нимсолаи соли хониш 3-4 маротиба гузаронида мешавад. Айни замон барои камшавии хароҷот, истифодаи доимӣ ва дорои интерфейсҳои оммафаҳм ҳам барои устод ва донишҷў аз тарафи барномасозони донишкада таъминоти барномавии вебинар тартиб дода шудааст.

Назира Бобоҷонова, сардори маркази таҳсилоти фосилавии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи “Таҷрибаи ДПДТТ доир ба татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ” маърӯза намуда, қайд кард, ки яке аз хусусияти асосие, ки барои баланд намудани сифати таълим дар таҳсилоти фосилавӣ мусоидат мекунад, назорат ва идоракунии фаъолияти устод ва донишҷӯ дар сомона аст. Фаъолияти устод аз тарафи маркази таҳсилоти фосилавии донишкада назорат бурда шуда, барномаи таълимӣ (силлабус), маводи лексионӣ, намунаҳои иҷрошудаи супоришҳои ҷорӣ ва супоришҳои имтиҳонӣ ва санҷишҳои марҳилавӣ, видеонаворҳои кутоҳмуддати дарс аз тафтиш мегузаранд. Бо воситаи донишҷӯи виртуалӣ марказ корбарии устод зери назорат гирифта мешавад. Барои назорати пешниҳоди саривақтии маводи таълимӣ аз тарафи устод мувофиқи ҷадвали дарсӣ ва тафтиши саривақтии супориши аз тарафи донишҷӯ иҷрошуда дар сомона саҳифаҳои назоратӣ тартиб дода шудааст. Дар ҳолати саривақт иҷро нашудани талабот фаъолияти устод дар сомона қатъ гардида, танҳо бо воситаи ариза ба сарвари донишкада ва гирифтани иҷозат барқарор карда мешавад. Барои беҳбудии сифати таълим дар сомонадар саҳифаи донишҷӯ пурсиш оид ба фаъолияти устод ташкил шудааст, ки дар он донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, оид ба кори таълимии устод ва маводи дарсии вай баҳо мегузоранд.

Дар идомаи чорабинӣ аҳли иштирокдорони конференсия маърӯзаҳои сардори Раёсати идораи рақамии донишкадаи мазкур, доктори илмҳои фалсафа, (Phd аз рӯи ихтисос) Аслиддин Низомиддиновро дар мавзӯи “Перспективные направления использования искуссвенного интеллекта в дистанционном обучении”, муовини ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои техникӣ Умарҷонов А. дар мавзӯи “Совершенствование системы преподготовки горных инженеров с использованием дистанционных образовательних технологий”, мудири кафедраи таъминоти барқ ва автоматикаи донишкадаи мазкур Ҳусейнҷон Қаландаровро дар мавзӯи “Омодакунии кадрҳои соҳаи энергетика дар низоми таҳсилоти фосилавӣ”, мудири кафедраи иқтисодиёти рақамии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маҳина Усмоноваро дар мавзӯи “Шаклҳои ташкили машғулиятҳои таълимӣ дар таҳсилоти фосилавӣ: муаммо ва роҳҳои ҳал” шуниданд.

Нимаи дуюми рӯз кор дар бахшҳои технологияи таҳсилоти фосилавӣ ва истифодаи он дар замони муосир ва коркарди маводи таълимӣ ва мултимедиа бо назардошти хусусиятҳои таҳсилоти фосилавӣ идома ёфта, ҳозирин 36 мақолаҳои илмии устодони муасстисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро таҳлил ва баррасӣ намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд