(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБинои муассисаи таълимии “Мактаби Оксфорд” дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов бо сарфи 17 миллиону 695 ҳазор сомонӣ бо лоиҳаи ҷолиб, истифодаи тарҳу услубҳои миллӣ ва аврупоӣ, ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмиллалӣ бунёд гардидааст.

Бинои муассиса барои таҳсили 550 нафар хонанда, таълиму тарбияи 50 нафар кӯдаки синни томактабӣ дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Иншоот аз 2 бинои 4 ошёна, 36 синфхонаҳои таълимӣ, синфхонаю ҳуҷраҳои таълиму машғулияти томактабӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, толори барҳавои маҷлисгоҳ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, нуқтаи тиббӣ, китобхона ва толори хониш, толори варзишии пушида иборат буда, бо таҷҳизоту лавозимот, аёниятҳои мактабии ватанӣ ва хориҷии дорои сифату стандартҳои ҷаҳонӣ мучаҳҳаз карда шудааст.

Корҳои сохтмониро беш аз 100 нафар бинокорону мутахассисони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Иттиҳодияи гурӯҳи рушди саноатӣ” анҷом додаанд.

Дар муассиса таълими томактабӣ низ бо усули нав ба роҳ монда шуда, синфхонаҳои машғулияту ҳуҷраҳои бозӣ ва истироҳати кӯдакони синни томактабӣ бо лавозимоти сатҳи стандартӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Фаъолияти муассиса тибқи барномаи таълимии “Кембриҷ” -и Британияи Кабир ба роҳ монда, таълим бо забонҳои англисӣ ва русӣ сурат мегирад.

Хатмкунандагони мактаб соҳиби сертификати таълимии байналмиллалӣ мешаванд. Дар “Мактаби Оксфорд” алҳол 32 нафар омӯзгор фаъолият дошта, 14 нафар аз давлатҳои хориҷӣ - Британияи Кабир, Ҳиндустон, Филиппин, Мисри Араб, Кения, Нигерия, Африқои Ҷанубӣ, Камерун, Канада бо таҷрибаи корӣ дар мактабҳои бонуфузи байналмиллалӣ мебошанд ва 12 нафар омӯзгори маҳаллӣ, ки аз озмуни сатҳи талаботи байналмиллалӣ гузаштаанд, ба кор ҷалб карда шудаанд.

Дар муассисаи таълимии хусусии “Мактаби Оксфорд” баҳри роҳандозии усули нави таълим шароитҳои стандарти ҷаҳонӣ фароҳам оварда шуда, омӯзиши амиқу ҳаматарафаи фанҳо, ташаккули донишу ҷаҳонбинии сатҳи байналмиллалии хонандагон таъмин мегардад.

Дар муассиса таҳсил ва маҳфилу машғулиятҳои иловагӣ аз соати 8-и пагоҳӣ то соати 17 давом мекунад. Ҳамчунин, барои таълиму омӯзиши рӯзгордорӣ, рушди истеъдодҳо, инкишофи ҳаматарафаи хонандагон маҳфилҳои пухтупаз барои духтарон, рассомию мусиқӣ, технологияи информатсионӣ, варзиш амал мекунанд ва барои ин мақсад шароитҳои беҳтарин мухайё карда шудааст.

Дар саҳни ҳавлии муассиса 3 майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозии кӯдакон бунёду муҷаҳҳаз гардида, барои обутоби ҷисмонии кӯдакону наврасон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Саҳни муассиса ба таври хос ободу зебо ва сабзу хуррам гардида, якҷо бо бинои хуштарҳи он намуди назаррабо гирифтааст.

Саидмурод Давлатов иқдом намудааст, ки бо мақсади васеъ намудани фаъолияти муассисаи таълимӣ барои 200 нафар хонанда хобгоҳ бунёд намояд.

Сохибкори ватанӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати ободии Ватан иқдомҳои шоиста намудааст. Бо саҳми соҳибкор дар шаҳру ноҳияҳои кишвар корхонаю коргоҳҳои нав таъсис ёфта, гармхонаи инноватсионӣ, 200 гектар боғи мевадиҳанда, боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таъсису ташкил гардида, беш аз 200 нафар шаҳрванд бо ҷойҳои корӣ таъмин карда шудаанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд