(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Ҷавонони сарбаланду шарафманди диёри соҳибистиқлол!

Аъзоёну пайравони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон!

Басо рамзист, ки соли равон аз таъсисёбии ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки воқеан татбиқкунанда ва амалигардонандаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кор бо ҷавонон маҳсуб гардида, мақсаду ҳадафи он ин бевосита мусоидат дар таъмин намудани рушди муътадили ҷомеа, фароҳам овардани шароитҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва ташкилӣ барои интихоби роҳи арзандаи ҳаёти шаҳрвандони ҷавон равона гардидааст 30 – сол пур мегардад.

Ба ин муносибат ҳамаи Шумо – ҷавонони азиз, аъзоёну пайравон ва ҷонибдорону собиқадорони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро самимона муборакбод намуда, бароятон тандурустии ҷовидона, бахти баланду толеи нек орзу менамоям.

Шоистаи зикр аст, ки рост омадани 30 – юмин солгарди таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба соли барои тамоми мардуми кишварамон мубораку муқаддас ҷашни фархундаи миллӣ 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан фоли нек арзёбӣ гардида, таъсисёбии иттифоқ шаҳодати бевоситаи дастовард ва самараи даврони соҳибистиқлолии ватани маҳбубамон маҳсуб меёбад.

Мусаллам аст, ки истиқлолият рукни муҳим ва меҳварии давлатдорӣ ва давлатсозии навини мо буда, ҳифзу гиромидошти ин неъмати бебаҳо ба ҳайси арзиши муҳими умумимиллӣ ва давлатӣ ҳамчунин бо кору фаъолияти созандаи ҷавонони бофарҳангу соҳибирода, хештаншиносу ватандўст иртиботи қавӣ дорад. Аз ин рў, масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази диққати ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, барои пуштибонӣ ва дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Дар ин замина, муҳайё намудани шароити мусоид барои ташаккули ҳамаҷиҳатаи ҷавонон, тарбияи хуб ва босамари насли ояндасоз, ҳидоят намудани онҳо ба роҳи дурусти зиндагӣ ва кору фаъолият, андешидани чораҳои зарурӣ баҳри азхуд намудани илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунар ва ниҳоят муҳайё намудани заминаҳои мусоид баҳри дар оянда ҳамчун ворисон ва меросбарони сазовори миллату халқи соҳибтамаддун ба воя расидани ҷавонон пайваста дар суханрониҳои Пешвои миллат таъкид ёфта, аз ҷумла дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардидааст: «Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, субботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.»

Бори дигар ҳамаи Шумо – ҷавонони гиромиро ба ин муносибати таърихӣ самимона муборакбод намуда, баҳри амалӣ гардонидани ҳадафҳои пешбининамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар самти роҳандозӣ намудани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои конститутсионии ҷавонони кишвар, ҷалби бештар ба ҷараёни демократикунонӣ, мусоидат дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати мутараққии ҳуқуқбунёд истифодаи васеи нерӯи созанда ба манфиати рушди давлат ва ҷомеа барору комёбӣ таманно намуда, хоҳони онам, ки бигузор саодати зиндагӣ ороишгари саҳифаҳои рўзгори дурахшони Шумо – ҷавонони шарафманди диёри соҳибистиқлоли Тоҷикистон бошад.