(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИСТИҚЛОЛ РАМЗИ ОЛИИ ВАТАНУ ВАТАНДОРӢ!

Ҳамшаҳриёни азиз!

Бо камоли ифтихору шукргузорӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамаи Шуморо ба муносибати муқаддастарин ва олитарин ҷашни мардуми кишвар 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегўям.

Истиқлол ганҷи бебаҳо, рамзи асолату ҳувияти миллӣ ва шарти бақои таърихии давлат буда, барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, инчунин шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Тоҷикистони азиз мебошад.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи шоиставу ибратбахш буда, дар як муддати кӯтоҳтарин аз санҷишҳои таърих сарбаландона гузашт. Истиқлоли давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик тасмияти сиёсӣ пайдо намуд.

Боиси ифтихору сарбаландист, ки чун дар тамоми кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қаламрави шаҳри бостонии Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллц-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ободониву бунёдкориҳо мунтазам вусъати тоза мегиранд.

Ба истифода додани даҳҳо иншооти ҷашнӣ, обод гардидани садҳо километр роҳ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият шурўъ намудани даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва амсоли он аз дастоварҳои даврони истиқлолият маҳсуб меёбанд.

Маҳз ба шарофати фарҳангу таҳаммулгароии мардуми тоҷик, кишвар аз гирдоби мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, зимни имзои санади истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ ба ваҳдат ва сулҳу суботи устувор ноил гардид ва пойдевори кохи бузурги ваҳдат гузошта шуда, барои зиндагии шоиставу арзандаи мардуми Тоҷикистон марҳила ба марҳила заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Ин дастовардҳо шаҳодати равшани он аст, ки мо дар ватани биҳиштосои худ бо меҳнати софдилонаву содиқона ва кору фаъолияти созандаву ободгарона дар солҳои наздиктарин барои ҳар як фарди кишвар зиндагии шоиста ва рўзгори ободро фароҳам меоварем. Дар марҳилаи кунунӣ ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки муҳофиз ва нигоҳдори Истиқлоли давлатӣ бошад ва бо эҳсоси баланди ватанхоҳию сулҳпарастӣ онро ба наслҳои оянда комилу бегазанд ба мерос гузорад.

Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамшаҳриёни азизро бо ҷашни ҳуҷаставу муқаддаси миллӣ 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, бароятон саломатии бегазанд, саодати рӯзгор, зиндагии ободу осуда ва шукуфоии ҳамешагии кишварро хоҳонам.

Бигзор Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пойдору устувор ва ҷовидона бошад.

Ҷашни бузурги Истиқлол муборак, ҳамшаҳриёни азиз!