(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altВАРЗИШ РАМЗИ ЗЕБОӢ ВА СОЛИМӢ

Хамшаҳриёни азиз!

Варзишгарони сарбаланд, шумоёнро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо Рўзи варзишгарон табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, бахту иқболи баланд ва дастовардҳои бузурги варзиширо таманно дорам.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар остонаи таҷлили 30-солагии ин санаи муборак истодаем, тамоми соҳоти хоҷагии халқ дар рушду нумўъ қарор дорад ва соҳаи варзиш истисно нест. Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соҳаи варзиш чун омили камолоти ҷисмонӣ ва тавоноии мардуми диёр пазироӣ ва мавриди таваҷҷўҳу эътибор қарор дорад ва ободониву бунёдкориҳо, зина ба зина пеш рафтани соҳаи варзиш, иштироки варзишгарон дар мусобиқоти гуногунсатҳ вусъати тоза гирифта истодааст.

Воқеан, варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дўстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат аст ва минбаъд низ чунин боқӣ хоҳад монд.

Зимни суханрониҳои хеш Президенти мамлакат, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд, ки «Ҷавонони соҳибмаърифату босавод ва аз ҷиҳати ҷисмонию маънавӣ баркамолро тарбия намудан вазифаи боифтихор аст. Зеро, ки ҷавонони солиму пурқудрат – тандурустиву қудрати миллатанд».

Дар робита ба ин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, ки дар татбиқи дастурҳои Сарвари давлат мусоидат намуда, баҳри рушди соҳаи варзиш ва тандурустии ояндасозони миллатамон заминаҳои дилхоҳ эҷод намояд.

Бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд беш аз 300 иншооти варзишӣ мавриди истифода қарор дорад. Ҳамчунин, сохта ба истифода додани толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ идома дорад.

Бовар дорем, ки варзишгарони шаҳр минбаъд низ дар мусобиқаҳо ва чемпионатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок намуда, шарафи варзиш ва тамаддуни миллати тоҷикро маъруфият мебахшанд.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар варзишгарон ва алоқамандони соҳаи варзишро бо иди касбӣ табрику муборакбод намуда, саодати рўзгор, музаффариятҳои нав ба нави варзиширо таманно менамоям.

Саломат ва парчамбардори миллат бошед, варзишгарони саодатманд!