(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Фирдавс Шарифзода ҷаласаи навбатии ситоди мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласа сардори раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилоят Тахмина Усмонова, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр роҳбарони муассисаҳои тиббӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Нахуст гузориши муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода вобаста ба ҷараёни пешгирӣ ва табобати бемории короновирус дар шаҳри Хуҷанд шунида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки пас аз эътироф гардидани бемории короновирус тибқи дастури Ситоди шаҳрӣ дар тамоми ҷабҳа корҳои мубориза ва фаҳмондиҳӣ пурзўр гардида, фаъолияти шабонарўзии маъулини ситод роҳандозӣ карда шуд. Зикр гардид, ки дар госпиталҳои табобатӣ гирифторони сирояти коронавирус ба таври шабонарӯзӣ таҳти назорати табибон қарор доранд ва дар навбати худ табибон баҳри наҷоти ҷони онҳо тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳанд сохт. Дар муассисаҳои тандурустие, ки дар онҳо гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 бистарӣ шудаанд, шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шуда, табибон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда истодаанд. Махсусан, дар чунин муассисаҳо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ва дигар мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас мебошанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Фирдавс Шарифзода ба масъулини дахлдор, аз ҷумла муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд, сардухтурони марказҳои саломатӣ, раисони маҳаллаҳо дастур дод, ки барои муолиҷа, пешгирӣ ва фароҳам овардани шароит ба алоқаманд ва беморони кароновирус мусоидат намоянд.

Фаъолияти марказҳои савдою хизматрасонӣ, маконҳои истироҳату фароғат ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ зери назорати доимӣ қарор гирифта, корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби шуъбаю сохторҳои кор бо маҳаллаҳо, занон, ҷавонон ва дигарон ҷоннок карда шавад.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби сохторҳои шаҳрдорӣ тибқи нақша дар кӯчаву хиёбон ва манзили шаҳрвандон корҳои безараргардонӣ ҷараён дошта, он дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Дар беморхонаҳо беморон зери назорати доимии духтурон ва ғамхории Давлату Ҳукумат қарор доранд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифтани сокинони шаҳр ва дар асоси нақшаи пешбинишуда имрӯзҳо дар тамоми идораву ташкилот ва маҳаллаҳои шаҳр маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории мазкур бомаром идома дорад.

Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо сокинон ва меҳмонони шаҳр бо як масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд.

Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории каронавируси COVID-19 дар тамоми қаламрави шаҳр дар сатҳи баланд ҷараён дошта, сокинон аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар хоссатан дар самти саривақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.

Дар ҷараёни ҷаласа сардори раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода ва директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилоят Тахмина Усмонова вобаста ба роҳу усули пешгирии бемории короновирус изҳори назар намуданд.

Дар анҷоми ҷаласа изҳори умедворӣ карда шуд, ки бо сарҷамъию муттаҳидӣ, сайъю талоши якҷоя ва албатта, бо кӯмаку дастгирии ҷомеаи меҳнатӣ, бо саъю кӯшиши муштараки сокинону соҳибкорони бонангу номуси шаҳр ин мушкилотро паси сар мекунем ва аз масъулин талаб карда шуд, ки зимни фаъолияти корӣ аз тамоми сокинон даъват ба амал оварда шавад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шустани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд