(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altИмрӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолати канори кӯчаҳо ва бинову иншооти хиёбони Исмоили Сомонӣ боздид намуд.

Фирдавс Шарифзодаро дар ин боздид муовини Раиси шаҳр оид ба сохтмон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, сардори идораи сохтмони шаҳр, масъулини идораи шаҳрсозӣ ва дигарон ҳамроҳӣ намуданд.

Роҳбари шаҳр зимни шиносоӣ аз даромадгоҳи шарқии шаҳри Хуҷанд масъулини дахлдорро ҷиҳати чароғоннамоӣ, гулкорӣ, ниҳолшинонӣ, лавҳаю овезаҳои моҳияти иҷтимоидошта ва дар маҷмуъ бо тарҳи муосир ҷиҳозонидани даромади шаҳр вазифагузорӣ намуд. Таъкид шуд, ки бо ин қисмати даромади шаҳр меҳмонони зиёд вориди шаҳри бостонӣ мешаванд ва аз лаҳзаи ворид ба корҳои ободонию созандагӣ баҳогузорӣ менамоянд.

Дар ҳудуди меҳмонхонаи “Эҳсон” ба масъулини дахлдор ҷиҳатии ободонии ҳудуди он, ба низомдарории фаъолияти гузаргоҳи зеризаминӣ, таҷдиди панҷарабандии атрофи он ва зебббахшии муосири намои бинои меҳмонхонаи “Эҳсон”, биноҳои баландошёнаи канори роҳ ва ғайра дастурҳо дода шуд.

Зимни шиносоӣ бо ҳолати мавзеъи Муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945-и мавзеъи назди бозори марказии “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд ба ҳолати дарахтон, ҳудуди маҷмаа, гулкорӣ, фавораҳо, чароғоннамоии он таваҷҷуҳ зоҳир гардида, ба масъулини сохтмон ҷиҳати ба таври назаррас ва дилрабо башаклдарории мавзеъ супоришҳои қатъӣ дода шуд. Зикр гардид, ки ин ҳудуд ҷойи муқаддас буда, бо батартибдарории ниҳолу бутта, фаввораву чароғонкунии он ба мавзеъи ободу истироҳатгоҳи мардум табдил дода шавад. Зеро аз ин макон бештар сайёҳон гузар намуда, ба урфу одат ва маданияти мо тоҷикон ва шаҳрдорон баҳо хоҳанд дод.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳангоми боздид аз ҳудуди майдони Шайх Камоли Хуҷандии хиёбони Исмоили Сомонӣ ба масъулини дахлдор доир ба анҷом додани корҳои ободонӣ, гулкорӣ, чароғоннамоӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқгардонии ҳудуди майдон супоришҳо дод.

Таъкид шуд, ки ин мавзеъи маркази шаҳр ба макони истироҳату фароғати шаҳрвандон ва ҷойи баргузории чорабиниҳои оммавӣ мубаддал гардонида шавад.

Зикр гардид, ки дар оянда гулҳои кӯчат менамудаи хиёбонҳои шаҳр бо нақша ва дизайни нав шинонида шавад. Ороиши намои биноҳои хиёбони Исмоили Сомонӣ мутобиқ ба санъати меъмории миллӣ анҷом дода шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд