(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз фаъолияти КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд ошноӣ пайдо намуд.

Тавре, иттилоъ дода шуд дар ин муассиса, ки ҳудуди он беш аз 8 гектарро ташкил медиҳад, як қатор корҳо ба иҷро расонида шуданд. Аз ҷумла, ҳудуди КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба тартиб дароварда, дар майдонҳои ҳудуди коргоҳ ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуда, зери парвариш ва нигоҳубин қарор доранд. 2 адад гармхонаҳо бо парвариши гулҳои мавсимӣ фаъол мебошанд.

Фирдавс Шарифзода ба роҳбарияти Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ дастур дод, ки ҷиҳати парвариши то 1 миллион адад гулҳои мавсимӣ дар гармхонаҳои муассиса ва кӯчати онҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр то оғози фасли баҳор тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Таъкид гардид, ки ба таъмиру ороиши биноҳои иҳотавии муассиса, буриши санитарии дарахтон ва нигоҳубини доимии ниҳолҳои шинонидашуда таваҷҷуҳи доимӣ дода шавад. Дар зудтарин фурсат гармхонаҳои дигари муассиса ба кор андохта шуда, ба манфиати молии коргоҳ мутобиқ гардонида шавад.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки самаранок истифодабарии ҳар як ваҷаби замини муассиса ба роҳ монда шавад. Ҳудуди майдонҳо ба тартиб ва номгузорӣ карда шаванд. Ҳамзамон ҷиҳати парвариши дарахтони нодир, ки минбаъд дар кўчаву хиёбонҳои асосии шаҳр шинонида мешаванд, тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ гарданд.

Масъулини «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои гузошташуда аз тамоми имконоту василаҳо истифода намуда, дар хурраму кабудизоркунии шаҳри бостонии Хуҷанд ҳиссагузорӣ намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд