(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТибқи дастуру нишондодҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ҷониби роҳбарияти КВД «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд» ба муносибати 29 умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ собиқадорони меҳнати коргоҳ, ки солиёни зиёд заҳмат кашида дар таъмини тозагиву озодагии шаҳр саҳм гузошта буданд, аёдат карда шуданд.

Нахуст ба аёдати Абдуғаффор Ғафуров омаданд, ки эшон беш аз 40 сол кафшергари идораи партовкашонӣ шуда кор кардааст. Пирамарди 82 сола аз ташрифи ногаҳонии роҳбарияти коргоҳ болидаруҳ гардида, аз ҷумла зикр дошт, ки «Рости гап, чашмдор набудам. Охир, ин гуна иқдоми хайррро бори аввал мебинам. Ташаккур ба шумо».

Дигар собиқадори соҳа, Мирзотурсун Умарови 74 сола, ки солиёни зиёд ба ҳайси сармуҳандиси муассиса фаъолият бурдааст, аз хурсандӣ ба худ ҷойи нишаст намеёфт:-Чанд соли охир ба ин андоза хурсанд нашуда будам,-гуфт шоду мамнун собиқадори меҳнат,- ман худам ба ҳайси роҳбарият будаму аммо, ин гуна ташаббусҳо набуд. Шумо, кори хайру савоб кардед. Ба роҳбарияти Давлату Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимонаи хешро изҳор медорем, ки бо сиёсати раъиятпарваронаи хеш собиқадорони соҳаро ҳамеша ба ғамхориву навозиш фаро мегиранд.

Муродбойамак Ҷумъаеви 90 сола, ки беш аз 40 сол ронандаи мошини партовкашон шуда кор кардааст, аз хурсандӣ ёрои сухан гуфтан надошт. Ҳар лаҳза ашк гулӯгираш мешуданду беҳтарин лаҳзаҳои кориашро ёдовар мешуд: -Фарзанди бисёр доштам, барои таъмини онҳо дар се баст кор мекардам. Маошамро роҳбарон ёфта медоданд. Лекин имрӯза хабаргирии шумо аз садҳо маош боло шуд. Шумо моро дарак кардед, Худованд Шуморо дарак кунад.

Комилҷон Абдунабиев, ки умраш ба домони 80 расидааст, дар деҳаи Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров истиқомат мекунад. Ӯ наздик 35 сол сардори шӯъбаи кадрҳо ва раиси кумитаи иттифоқи касабаи коргоҳ шуда кор кардааст.

Дар ҷараёни сӯҳбат собиқадорон аз рӯзҳои фаъолияти кориашон ёдовар мешуданду ҳампешагону ҳамсолонашонро мепурсиданд. Чун мешуниданд, ки ин ё он нафаре вафот кардааст, афсӯс мехурданду аз дар ҳаёт будагон бохабар шуда шод мегардиданд.

Сардори КВД «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд» Ҳайдар Эшонқулов зимни аёдат таъкид дошт, ки мо ифтихор дорем, ки дар бисту нуҳ соли истиқлолият пойдевори давлатдории миллиамонро гузошта, барои таҳкими он бо заҳмати мардуми сарбаланди кишварамон корҳои бузургро ба анҷом расонидем ва имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем.

Истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд