(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрўз аз ҷониби Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода як гуруҳ ашхоси камбизоати шаҳри Хуҷанд бахшида ба Иди Қурбон мавриди аёдат қарор гирифтанд.

Ба аёдатшудагон маводи ғизоии ниёзи аввалия ва маблағҳои пулӣ дастрас карда шуданд.

Зимни аёдат таъкид шуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросими суннатию динӣ соҳиби имкониятҳои фаровон гардида, дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накӯкориҳо дар кишвари мо мақоми мустаҳкамро соҳиб гашт.

Пешвои муаззами миллат дар аксари мулоқотҳои худ таъкид мекунанд, ки дар шароити давлати озоду демократӣ ва дунявӣ имрӯз имкон дорем, ки таълимоти созандаи дини мубини исломро, бахусус, доир ба тарғиби дӯстиву муҳаббат ва кӯмаку дастгирии байниҳамдигарӣ дар байни тамоми афроди ҷомеа густариш диҳем.

Воқеан ҳам, хайрхоҳу дастгири бенавоёну бечорагон будан беҳтарин хислатҳои некӯи инсонӣ буда, ҳамин фазилат ифодагари асли моҳияти Иди Қурбон мебошад, ки ба шарофати он дастархони оилаҳои камбизоату ниёзманд ғанӣ мегардад, инсонҳои соҳибдилу ғамхор сари ятимонро сила мекунанд, ба аёдати пирону барҷомондагон ва одамони яккаву танҳо мераванд, меҳру муҳаббати ҳамагон афзоиш меёбад.

Аёдатшудагон Мавлуда Умарова, Ёдгорҷон Авезов, Восид Ҳасанов ва Абдураҳмон Ҳусейнбоев аз ин таваҷҷуҳу иқдомоти Давлату Ҳукумат сарфароз гардида, миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд