(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имруз тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди Қурбон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода Арбоби давлатӣ, ходими намоёни ҷамъиятӣ Турсунбой Раҳматовро аёдат намуда, туҳфа ва маблағҳои пулӣ тақдим доштанд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз фазилатҳои Иди Қурбон ҳарф зада, аз ҷумла афзуд, ки боиси хушҳоливу хушбахтии ҳар кадоми мост, ки ба шарофати истиқлолияти давлатӣ мардуми мусулмони кишвар аз арзишҳои фарҳангиву динӣ ва ҳуқуқу озодиҳои эътиқодӣ ба таври васеъ баҳравар гардида, маросиму суннатҳои динии худро озодона ба ҷо меоранд. Мо бояд ба қадри неъмати бебаҳои давлати озоду соҳибихтиёр, сулҳу суботи сиёсӣ ва сарзамини ободу зебои худ расем ва шукронаи онҳоро ба ҷо орем.

Арбоби давлатӣ, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Турсунбой Раҳматов барои ин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, аз ҷумла афзуд, ки бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат собиқадорони ҷангу меҳнат таҳти ғамхории ҳамешагӣ қарор доранд. Дар ин раванд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ ба фаъолияту рӯзгори собиқадорон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Мо, собиқадорон саъю талош меварзем, то дар ободию пешрафти кишвари азизамон ва таҳкими ҳаёти осоишта, бахусус тарбияи насли ватандӯсту худогоҳ саҳми амиқ гузорем. Дар шароити кунунӣ яке аз вазифаҳои муҳим ва ниёзмандиҳои ҷиддии ҷомеаи мо тарбияи насли солим ва дур аз фасоди ахлоқӣ, ба камол расонидани шахсияти таҳаммулгарову нексиришт, ороста бо ахлоқи ҳамида, мусаллаҳ бо донишу ҷаҳонбинии муосир ва омодаи хизмат ба Ватан ва ҷомеа мебошад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Турсунбой Раҳматов дар гузаштаи начандон дур дар вазифаҳои баланди давлатӣ, аз қабили Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси навоҳии Шаҳристону Мастчоҳ фаъолияти пурсамар дошт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд