(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМардуми шарифи Тоҷикистон Иди Қурбонро, ки мисли тамоми мусулмонони ҷаҳон чун яке аз беҳтарин арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ саршор аст, дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҷаҳду талошҳои созанда ва бунёдкорона барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол мегиранд.

Субҳи имруз тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди Қурбон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷўрабек Набиевро аёдат намуда, туҳфа ва маблағҳои пулӣ тақдим доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Иди Қурбон аёдат шудани шахсони хизматнамударо намунаи олии сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон намуда, таъкид дошт, ки воқеан ҳам, ин иди саид таҷассумгари эътиқод, имон, ғояҳои олии некию адолату инсондӯстӣ, рамзи раҳму шафқат ва меҳрубонӣ ба атрофиён мебошад.

Ҷўрабек Набиев, овозхон, ҳунарманди мардумӣ аз ин таваҷҷуҳ ва самимият хушҳол гардида, аз ҷумла таъкид дошт, ки рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи мамлакат аз амну осоиштагӣ вобаста аст. Шукрона менамоем, ки Роҳбари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зиндагии ободу шоистаро барои мардуми мо муҳайё намуданд. Имрўз ҳар касе ки меҳнат мекунад, роҳаташро мебинад. Мо бояд дар ҳама лаҳзаҳо сарҷамъ, муттаҳид ва ҳамбаста бошем, ки душманон ба зиндагии осоиштаи мо халал нарасонанд.

“Ҳаёт аз ин дида беҳтару ширинтар шуда наметавонад, зеро ман тамоми ҷаҳонро давр задам, чунин кишвари биҳиштосоро дар ягон нукоти олам дарнаёфтам”- гуфт Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷўрабек Набиев ва таъкид дошт, ки фақат ки ба ҳар лаҳзаи он мо шукрона намоем, неъмати бебаҳои Парвардигорро қадр кунем ва фарзандонро ба роҳи ростӣ ва ободии диёр раҳнамоӣ намоем.

Ҷоиз ба зикр аст, ки мутриби хушсалиқа Ҷўрабек Набиев услуби хоси сарояндагии худро дорад ва овозаш хеле ширадор буда, сурудҳои оддӣ ва мураккабро бо маҳорати баланд тенори лирикӣ месарояд. Ӯ бештар ба сароидани сурудҳо бар матнҳои классикӣ мароқ дорад. Дар иҷрои ӯ мақомҳои «Сарахбори Оромиҷон» (Ҳофиз), «Ушшоқи Самарқанд» (Зебуннисо), «Соқиномаи Ироқ» (Амирӣ), «Ироқи Тошканд» (Мискин), «Ушшоқи Содирхон» (Ҷомӣ), «Қашқарчаи Ушшоқи Содирхон» (Ҳилолӣ) ва ғайра хеле боназокату дилрабо садо додаанд ва онҳо то кунун ба дилҳо фараҳ мебахшанд. Дар репертуари ин мутриби хушсалиқа беш аз 200 сурудҳо ворид шудаанд ва бештари онҳо мавзӯъҳои Ватан, Модар, диёри маҳбубро тараннум менамоянд. Ҷӯрабек Набиев ба бисёр мамолики хориҷ, ба монанди Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Эрон, Яман ва ғайра, сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, ҳунари мардуми тоҷикро муаррифӣ намудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд