(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИди қурбон аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси суннатии мардуми мусулмони мо буда, одамонро ба корҳои хайру саховат ва амалҳои нек ҳидоят менамояд ва дар қалби ҳар фарди мусулмон ниҳоли меҳру муҳаббатро нисбат ба ҳамдигар решадор месозад.Ин амалҳои хайр, дар навбати худ ба пойдории сулҳу суботи кишвар, оромиву осоиши ҷомеа ва таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо мусоидат мерасонанд.

Дар такя ба ҷавҳари гуфтаҳои субҳи имрўз дар арафаи Иди Қурбон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода Корманди Шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Шариф Ҳофизовро аёдат карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Иди Қурбон ироа намуда, кўмаки якдафъинаи пулию туҳфаҳои хотиравиро ба варзишгари 85 сола Шариф Ҳофизов тақдим дошт.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки худи ин иди саид бар пояи ормонҳои башардӯстиву инсонпарварӣ ва шафқату бародарӣ зуҳур кардааст. Дар Ватани маҳбуби мо - Тоҷикистон ба шарофати сиёсати раъиятпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди қурбон ҳамеша дар фазои эҳсону шафқат ва оромиву осудагӣ баргузор гардида, хурду бузурги кишвар ҳамдигарро бо меҳру муҳаббати хоса табрик мегӯянд ва аз ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва дӯстиву рафоқат шукрона мекунанд. Яке аз рукнҳои дини ислом имтиёзи маънавиёт бар моддиёт буда, он дар меҳвари сафои ботинӣ ва поккории ахлоқу нафсонияти инсону ҷомеа ва қаноату сарфакорӣ қарор дорад.

Корманди Шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Шариф Ҳофизов аз ин таваҷҷуҳи Роҳбарияти Давлату Ҳукумат миннатдорӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки аз давраи наврасӣ ба варзиш шуғл меварзад ва то ба имрўз варзишро василаи муҳими мубориза бо бемории навзуҳрунамудаи умумиҷаҳонӣ короновирус аст. Зеро вақте шахс бо варзиш машғул мешавад, танаш солим руҳаш ҳаловат мекунад. Иммунитет баланд мешавад. Иштиҳаро меорад, тамоми организми одамро ба қавле “зинда” мегардонад. Варзиш инсонро аз рукуд бозмедорад ва умри дигарбора мебахшад.

Шариф Ҳофизов бо ҳамсари меҳрубонаш 62 соли ҳамзистӣ дорад ва дар давраи беш аз 60 соли фаъолияти омўзгориаш ҳазорҳо варзишгарони бонаннгу номус ва парчамбардори миллатро тарбияву ба камол расонидааст. Шариф Ҳофизов борҳо дар чорабиниҳои сатҳи байналмиллалӣ дар миқёси ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Олимпиадаи 18-уми умумиҷаҳонӣ дар шаҳри Мюнхени Олмон варзишгарони собиқ ИҶШС-ро муаррифӣ намудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд