(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар асоси дастури Ситоди шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19»ҷиҳати пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ дар миёни сокинон ва меҳмонони маркази маъмурии вилояти Суғд бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ бо риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, истифодаи ниқобҳо ҳангоми аз хона ба берун баромадан ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ — бозорҳо, марказҳои савдо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, риояи масофаи иҷтимоӣ ва ғайраҳо аз ҳисоби масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, устодони макотиби олии шаҳр, марказҳои саломатӣ ва дигар сохторҳои шаҳрдорӣ гуруҳҳои тарғиботӣ таъсис ва ба маконҳои серодами шаҳри Хуҷанд сафарбар карда шуданд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, полковник Олимҷон Бурҳониён, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд, Наим Маликисломӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳадаф аз ташкили чунин корҳои фаҳмондадиҳиро қабл аз ҳама баҳри пешгирии аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» маънидод намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки кам шудани шумораи беморон маънии анҷоми мубориза бо ин намуди бемориро ифода намекунад, зеро хавфу хатари сирояти шадиди ин маризӣ ҳар лаҳза таҳдид намуданаш аз эҳтимол дур нест. Зеро танҳо як нафар бемор бинобар наандешидани чораҳои пешгирӣ дар як рӯз садҳо нафаронро сироят намуданаш мумкин аст.

Дар рафти амалиёти гузаронидашуда дар маконҳои серодам, аз ҷумла марказҳои тиҷоратӣ, бозорҳо, бахусус бозори марказии «Панҷшанбе» аз ҷониби гуруҳи корӣ садҳо нафар ашхоси бениқоб ошкор ва ба онҳо корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуда, эшон бо ниқобҳои муҳофизатии яккарата ва бисёркарата тариқи ройгон таъмин карда шуданд. Мутаасифона боиси нигаронист, ки бархе нафарон ниқобҳои ғайрисантариро низ мавриди истифода қарор додаанд. Ҳамин тарик бо мақсади ташвиқи саломатии сокинон ба беш аз 1000 нафар ниқобҳо ройгон дода шуданд.

Зимни суҳбат аз сокинону меҳмонон даъват ба амал оварда шуд, ки то ба эътидол омадани вазъияти пандемияи коронавируси нав аз гаштугузор ва сайругашт дар боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳо муваққатан худдорӣ намуда, талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Ситоди ҷумҳуриявиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намуда, фарзандони худро беназорат нагузоранд.

Аз ҷониби гуруҳҳои тарғиботӣ ҳамчунин мазмуну моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаҳмонида дода шуда, аз ҷумла зикр гардид, ки мақсади асосии таъғироти мазкур барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ ҷазои маъмурӣ пурзӯр гардида, барои қоидаҳои мубориза бо эпидемия ва бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, интернет ё дигар шабакаҳои алоқаи барқӣ паҳн намудани маълумоти барқӣ, паҳн намудани маълумоти баръало бардурӯғ дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ ва ё дар бораи тарзу усулҳои ҳифз ва дигар чораҳои вобаста ба таъмини амнияти аҳолӣ андешидашаванда, ки дар онҳо иттилооти аз ҳақиқат дур ҷой дорад, ҷавобгарӣ пешбинӣ карда мешавад. Дар ояндаи наздик чунин қонунвайронкунандагон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз шаҳрвандон бори дигар даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя ва ҳангоми аз хона баромадан истифодаи ниқобро фаромӯш накунанд. Аз ҳар як амали мо, солимии атрофиён, дар маҷмуъ солимии шаҳрвандони мамлакат вобастагӣ дорад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд