(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №15-и шаҳри Хуҷанд баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани нишондодҳои "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф барои солҳои 2020-2040» ва бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ба ҳисобдонӣ, муайян намудани хушзеҳнӣ, қобилияти фикрронӣ, дараҷаи саводнокӣ, дараёфт намудани хонандагони қобилиятнок, ҷалб ва омода намудани хонандагон болаёқат даври ниҳоии олимпидаи синфҳои ибтидоӣ байни синфҳои 4 аз фанни математика баргузор гардид.

Дар ин олимпиада 65 нафар ғолибони даври мактабӣ бо ҳам рақобат намуданд. Олипиада аз рӯйи 5 шарт: масъала, ифода, муодилаи сеамала, ёфтани периметр ва масоҳати росткунҷа ва муаммо сурат гирифт.

Бояд қайд намуд, ки дар даври аввали ин олимпиада дар сатҳи макотиби миёна 1166 нафар хонандагон ширкат варзиданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин олимпиада дар миқёси ҷумҳурӣ танҳо дар шаҳри Хуҷанд сурат мегирад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд