(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарғибу фаҳмондиҳии муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мулоқот бо иштироки кормандони соҳаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Чорабиниро сармутахассиси бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Набӣ Ҷӯразода ҳусни оғоз бахшида, доир ба нуктаҳои муҳими дар Паёми Роҳбари Давлат зикр гардида, иттилоъ дод.

Мавсуф таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дар баробари ҳолат ва дурнамои дигар соҳаҳо ба ҷодаи фарҳанг низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ки дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард. Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем. Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти завқи наслҳои имрӯза аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон чанд рӯз пеш Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул кард. Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад.

Роҳбари Давлат зикр доштанд, ки ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори муассисаҳои фарҳанг мо бояд ба таҷдиди инфрасохтор, таҳкими пояҳои моддиву техникӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа, мусоидат ба раванди ташаккули эҷодиёти халқ, истифодаи самарабахши нерӯи фарҳангӣ ва маънавии миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунем.

Дар Паёми навбатӣ пешниҳод гардид, ки таҳти сарпарастии Президенти мамлакат озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ҳар сол баргузор карда шавад. Ҳамчунин аз сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни мо даъват ба амал оварда шуд,ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд.

Дар мулоқот ҳамчунин устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иштирок ва баромад намуда, доир ба самтҳои дигари Паёми Роҳбари Давлат ба Маҷлиси Олӣ андешаронӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд