(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altИмрӯз аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии №16-и шаҳри Хуҷанд як бинои иловагии синфхонаҳои таълимӣ ва амалии фанни технология ва майдончаи варзиширо, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми беш аз 430 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Зимни шиносоӣ ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагии синфхонаҳои таълимӣ ва амалии фанни технология барои писарон ва духтарон иборат аз 9 синфхона баъди таъмиру азнавсозӣ ва муҷаззаз намудан бо таҷҳизоти таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Синфхонаҳои таълимӣ-амалии барои духтарон омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ аз қабилӣ, дӯзандагӣ, қӯроқдӯзӣ, атласбофӣ, адрасбофӣ, тӯппидӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, мӯҳрабофӣ, ҳамзамон пухтани хӯрокҳои миллии тоҷикӣ , нону кулчаҳои миллии мардумӣ, шириниҳои гуногун ва ғайраҳоро муҳайё намудааст.

Барои писарон дар синфхонаҳои алоҳида омӯзиши ҳунарҳои дуредгарию харротӣ, кафшергарӣ бо асбобҳои ёрирасони таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки фанни технология дар муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ барои синфҳои 5-10 пешбинӣ гардидааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни мулоқот бо хонандагон таъкид дошт, ки дар шароити имрӯза ҳар як духтари тоҷик бояд ҳунари дӯхтан, бофтану пухтанро дошта бошад ва баъдтар ин ҳунари худро дар ҳаёти мустақилонааш ба фарзандонаш омӯзонад.

Писарон низ бояд ҳунареро омӯзанд, ки дар зиндагӣ ҳаргиз хор нахоҳанд, зеро ҳунар ашон манбаи даромади иловагӣ хоҳад шуд.

Хонандагони ин муассисаи таълимӣ аз ин таваҷҷуҳи шаҳрдорӣ болида гашта, миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президент мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки беҳтарин шароити таълиму ҳунаромӯзиро дар ин макотиби миёна фароҳам сохтаанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳамзамон дар муассисаи таълимии мазкур майдончаи варзишии андозааш 20Х40 метрро дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки дӯстдорони варзиш ифтитоҳ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки майдончаи варзишӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд ёфта, майдони он бо алафҳои табиӣ сабзу хуррам карда шудааст, ки ба саломатии наврасону ҷавонон хеле муфид аст.

Дар ҳамин ҷо Маъруф Муҳаммадзода ба маъмурияти муассисаи таълимӣ як қатор таҷҳизоти компутерӣ ва дастгоҳи алафдаравиро барои майдончаи варзишӣ тақдим намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар ҳузури хонандагону омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ ифтитоҳи як бинои иловагии синфхонаҳои таълимӣ ва амалии фанни технология ва майдончаи варзиширо дар доираи нақша-чорабиниҳои доираи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон намуда, таъкид дошт, ки Давлату Ҳукумат марҳила ба марҳила барои беҳтар намудани шароити таҳсилу ҳунаромӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ аз тамоми имконоту захираҳо истифода намуда, барои ҳалли муаммоҳои соҳа чорандешӣ хоҳад намуд.

Шаҳрдор гуфт, ки саргарм намудани хонандагон ба касбомӯзию машғул шудан ба бозиҳои гуногуни варзишӣ эшонро аз гаравидан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои барои ҷомеа хатарзо эмин нигоҳ медорад. Касбу ҳунаромӯзии насли наврас ва шуғл варзидан бо варзиш ҷавононро ба ояндаи нек ҳидоят хоҳад намуд.

Роҳбарияти шуъбаи маорифии шаҳри Хуҷанд ва хонандагону омӯзгорони муасисаи таълимии миёнаи умумии №16-и шаҳри Хуҷанд ба роҳбарияти шаҳру вилоят ва Давлату Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки МТМУ №16-и шаҳри Хуҷанд ҳанӯз соли 1965 бунёд шуда, алҳол дар ин муассисаи таълимӣ беш аз 1250 нафар хонандагон таҳсил менамоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд