(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус зардпарвин, зуком ва дигар намуди бемориҳое, ки бо баробари сард шудани ҳаво хуруҷ менамоянд, бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр, сардухтури беморхонаи касалиҳои сироятӣ, намояндагони дармонгоҳҳои шаҳр, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ғайра сурат гирифт.

Султон Раҳмонзода сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд мулоқотро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки сардии ҳаво ҳамасола дар фасли зимистон дар шаҳр ба мушоҳида расида, моҳҳои декабр ва январ дар ҳолати риоя накардани беҳдошти шахсӣ аз ҷониби шаҳрвандон, бахусус наврасону ҷавонон мумкин аст авҷи бемориҳои зуком, бемории зардпарвин, сар задани заҳролудшавӣ ҳангоми истифодаи консерваҳои худсоз, помидору бодиринг ва хӯрокҳои тезвайроншаванда дар шароити риоя накардани нигоҳубинии онҳо дар хона ва ошхонаҳои мактаб, афзоиши бемориҳои шадиди роҳи нафас дар ҳолати пасту баландшавии ҳарорати ҳаво ва зиёдшавии намнокӣ ба мушоҳида расад. Аз ин лиҳоз риояи беҳдоштӣ вазифаи муҳиму аввалиндараҷаи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ табибони беморхонаи касалиҳои сироятӣ, дармонгоҳҳои шаҳр ва маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ғайраҳо мебошад.

Сипас, Мӯъмин Баҳодуров, сардухтури беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд доир ба ҳолати бистарикунии зардпарвини намуди «А» дар беморхона маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар беморхона тамоми шарити табобат мавҷуд аст, мутаасифона шаҳрвандон баъди табобат ва барқарор намудани саломатии хеш ба оддитарин унсурҳои пешгирии бемориро риоя накарда, дафъатан бистарӣ мегарданд, ки ҳолати ташвишовар мебошад.

Таҳмина Усмонова, мудири шуъбаи эпидемологии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба пешгирӣ ва пурзӯркунии чорабиниҳои зидди бемориҳои зардпарварвини «А» маълумот дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки мушкилоти асосӣ ин риоя нагардидани гигиенаи шахсӣ, аҳамият надодан ба шустани дастон, сифати пасти хӯрокҳо, нокифоя будани фарҳанги беҳдоштӣ ва ғайраҳо мебошад.

Зикр гардид, ки яке аз усулҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, ин сраивақт дарёфт кардан ва бистарӣ намудани беморон мебошад. Тибқи таҳлил ва мушоҳидаҳои эпидемиологӣ бемории зардпарвини вирусии намуди «А» сирояти мавсимӣ буда, хурӯҷи он асосан ба фаслҳои тирамоҳу зимистон рост меояд. Бақайдгирии ин беморӣ бисёртар дар байни гурӯҳҳои осебпазир, яъне кӯдакони синни томактабию мактабӣ мушоҳида карда мешавад. Сабабҳои асосии паҳншавии ин беморӣ, агар аз як тараф гардиши табиии ин намуди вирус дар табиат бошад, аз тарафи дигар риоя нагардидани тозагии шахсӣ аз тарафи аҳолӣ аст.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемории зардпарвини вирусии намуди «А» корҳои зиддиэпидемикӣ ташкил гардида, ҷиҳати сари вақт анҷом додани тадбирҳои дезинфексионӣ миқдори зарурии маводи безараргардонӣ ҷудо карда шудааст. Айни ҳол вазъи бемории зардпарвини вирусии намуди «А» дар шаҳри Хуҷанд мӯътадил буда, он таҳти назорат қарор дорад.

Мулоқот бо сулолу ҷавоб, пешниҳодоти мушаххас ва вазифагузориҳо анҷом пазируфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд