(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи муассисаи таълимии мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” баргузор гардид ва аз миёни 3 довталаб Дилафрӯз Каримова, омӯзгори фанни забони англисии литсейи математикӣ- физикии №1 -и ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд ғолибиятро ба даст овард.

Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ва муовини сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Нарзуллозода суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки озмуни вилоятии “Омӯзгори соли Тоҷикистон” аз зумраи тадбирҳои хеле муфид маҳсуб мешаванд, ки ба дарёфти омӯзгорону мураббиёни боистеъдод, навовару эҷодкор мусоидат карда, дар қадрдонии заҳмат, баланд бардоштани мақому манзалати ходимони соҳаи маориф дар ҷомеа, тарғиб ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам саҳми назаррас дорад.

Таъкид шуд, ки шурӯъ аз соли 2020 озмунҳои мазкур мувофиқи фанҳои ихтисосӣ доир шуда, 13 нафар омӯзгорони болаёқат - ғолибони фании ҷумҳуриявӣ интихоб мешаванд.

Сипас 3 нафар ғолибони даври аввали озмуни “ Омӯзгори соли Тоҷикистон” аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Истиқлол, Деваштич аз рӯи шарти муаррифии таҷрибаи корӣ вориди сабқат гардиданд.

Тибқи баҳогузории ҳакамон Дилафрӯз Каримова, омӯзгори фанни забони англисии Литсейи математикӣ- физикии №1 -и шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ғолибият ба даст оварда, ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд