(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар муассисаи томактабии «Ғунчаи Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд чорабинӣ таҳти унвони «Тирамоҳи зарнисор» баргузор гардид. Тарбиятгирандагони ин муассисаи томактабии навтаъсис бо мураббиёни худ барномаи рангини адабию фарҳангии фарогири васфи фасли тирамоҳро бо маҳорати баланд пешниҳод намуданд. Шеъру суруд ва гуфторҳо дар бораи тирамоҳи заррин, меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, заҳмати деҳқон, фаровонии дастархон ва ғайраҳо гуфта шуд.

Кӯдакон дар нақши меваҳои гуногун доир ба хуштамъӣ ва фоиданокии он маълумот доданд. Деҳқон оид ба заҳматҳои хеш ва фарҳанги меҳнатдӯстӣ ба тарбиятгирандагон нақлҳои аҷиб намуд.

Зикр гардид, ки маҳз тирамоҳи зарнисор айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Ҳамзамон ин фасли зарринро давраи ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат низ мегӯянд.

Намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд маҳфили хушҳолии муассисаи томактабии «Ғунчаи Истиқлол» таҳти унвони «Тирамоҳи зарнисор»-ро натиҷагирӣ карда, барои ташкили чунин чорабинии васфи муъҷизаҳои офаридаи деҳқон ба маъмурияти муасисаи таълимӣ ва мураббиён арзи сипос намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳанӯз 23-юми августи соли ҷорӣ дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Боғчаи бачагонаи рақами 3-ро, ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати умумии 1 га бунёд гардидааст, ифтитоҳ гардида буд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд