(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда бо роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зиёда аз 150 нафар кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сохторҳои марбутаи он бо мақсади кӯмаки амалӣ расонидан ба марди деҳқон ба маъракаи пахтачинӣ ҷалб карда шуданд.

Ҳашарчиён дар хоҷагии илмӣ-истеҳсолии ба номи Раҳмон Набиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба чиниши пахта машғул шуда, саҳми назарраси худро дар ғанӣ гардонидани хирмани тиллои сафеди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузоштанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ин иқдоми некро барои кӯмаки амалӣ расонидан ба деҳқонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хуб арзёбӣ намуда, зикр кард, ки бо истифода аз ҳавои мусоид мо бояд барои бенуқсон чидани ҳар як пағаи пахта саҳмгузорӣ намоем. Зеро пахта ҳамчун ашёи хоми саноатии корхонаҳои шаҳр барои пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бисёр муҳим буда, ҳамзамон ҷалби ашхоси бекор барои чиниши он як навъи ҷойи кори мавсимӣ низ шуда метавонад.

Воқеан ҳам сокинони шаҳри Хуҷанд дарк намудаанд, ки дар ин шабу рӯз марди деҳқонро бо ҳосили фаровон танҳо набояд гузошт. Зеро пахта сарвати миллат аст.

Кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар як рӯзи ҳашар беш аз 4000 кило пахта ҷамъоварӣ намуданд.

Чинакчиёни беҳтарин бо мукофотпулии Раиси шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд