(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Санаи 25-юми сентябри соли равон, соати 18:00 дар саҳни театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бо иштироки меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва ситораҳои намоёни эстрадӣ, аз ҷумла Юлдуз Усмонова, Нозияи Кароматуло, Муҳаммадрофеъи Кароматулло, Бахтиёр Иброҳимов ва ситораҳои маъруфи суғдӣ Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил карда мешавад.

Бо ин мақсад аз тарафи Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд вазифадор карда шудаанд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур саҳмгузор бошанд.

Дар Рӯзи шаҳри Хуҷанд ҳамчунин беш аз 30 адад хаймаи дастовардҳои соҳаҳои гуногуни шаҳр бо шумули маҳсули ҳунарҳои миллӣ, истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Дар намоиши хаймаҳо чеҳраҳои таърихии гузаштаву имрӯзи Хуҷанд низ муаррифӣ мегарданд.

Ҳамзамон унвони навбатии «Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд» ва ба 40 нафар занҳои ҳунарманд грантҳои Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда мешаванд. Дар арафа ва Рӯзи шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои гуногуни илмиву фарҳангӣ ва варзишӣ пешбинӣ гардидааст. Дави миллӣ ба ифтихори Рӯзи шаҳри Хуҷанд ташкил гардида, навзодони дар ин рӯз тавлидшуда бо туҳфаҳои Раиси шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки имсол ин бори панҷум аст, ки аз Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил карда мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд