(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар литсейи касбӣ-техникии №56-и шаҳри Хуҷанд дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқот дар самти мубориза алайҳи гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, пешгирии амалҳои номатлуби коррупсионӣ ва фаъолияти ғайриқонунии ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва экстремистӣ бо донишҷӯён ва устодони ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.

Ҳотам Маҳмудов, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мавзуъи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки мақсади марому ниҳоии Стратегияи мазкур паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, ҷиҳати рушди иқтисодиёт, демократия, мукаммалгардонии идоракунии давлатӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва иҷрои дигар ҳадафҳои Стратегияи миллии Рушд дар кишвар мебошад. Муқовимат бо коррупсия ва паст кардани сатҳи он аз муборизаи дастаҷамъона, савияи баланди маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ ва шуурнокии ҳар як фарди ҷомеа вобастагӣ дорад. Ҳамзамон ҳамоҳанг сохтани қонунгузории миллии кишвар дар ҳамбастагию ҳамкории судманди ҷомеа бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба пешгирии коррупсия мусоидат менамояд.

Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот намояндаи Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Суҳроб Сатторов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Усмонҷон Юсуфӣ, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Сатторова баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки шиддати хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ дар самти экстремизму терроризм, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди баору номусро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд. Дар ин раванд диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.

Зикр гардид, ки имруз вазифаи мост, ки ояндаро бо дастони худ дурахшандатар гардонем, зеро миллат ва давлате, ки ояндаи худро равшан дидан мехоҳад, бояд аз таърих сабақ бардошта мероси таърихии худро зинда нигоҳдорӣ намояд. Боиси сарфарозиҳои мост, ки имрӯз ҷавонони давлати мо таҳти сарварии бевоситаи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, самти сиёсати ҷавононро дар миллат боло бардоштаанд.

Тоҷикистон аз рӯзе, ки соҳиби мустақилият шуд, мардумонашро дар атрофи худ ҷамъ намуда то имрӯз орому осоишта зиндагонии оромро паси сар менамояд, аммо чунин зиндагонии мардуми мо ба рои бархе аз тарафҳои муқобил хуш намеояд, зеро тафаккури онҳоро танҳо амалҳои ғайриинсонӣ ғасб намудааст. Маҳз ба ҳамин хотир, вазифаи аввалиндараҷаи мо ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандўсту меҳанпарвар дар марҳалаи кунунии миллат, пеш аз ҳама таҳкими ваҳдати миллӣ ва устуворгардонии пояҳои сулҳу амният, ҳифзи муқаддасоту арзишҳои Ватан ва пос доштани арзишҳои бузурги ватандорӣ, бахусус неъмати муқаддаси Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки ин ҳама дар ягонагиву сарҷамъӣ ва кору фаъолияти аҳлонаи мардуми тоҷик ифода мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд