(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори навбунёди шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд чорабинии идона ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки роҳбарият, собиқадорон ва ҳайати шахсии ин сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар фазои идона баргузор гардид.

Сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Олимҷон Бурҳониён чорабиниро ифтитоҳ намуда, вобаста ба дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ, талошу ҷонбозӣ ва саҳму қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра ёдовар шуд. Ҳамчунин вобаста ба фаъолияти милитсияи тоҷик дар тадбиқи сиёсати Ҳукумати кишвар ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ ибрози андеша намуд.

Сипас, Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба муносибати 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳайати шахсӣ расонд, ки дар он аз ҷумла зикр гардидааст: «Истиқлолият ганҷи бебаҳо ва неъмати азизтарин барои мардум аст. Зеро маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем ва зиндагии озоду осуда ба сар барем. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд: «Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад». Агар ба марҳилаи рушди 28-соли соҳибистиқлолии мамлакат назар афканем, густариши сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва дар маҷмўъ дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун кишвари мустақил арзи ҳастӣ кардани Тоҷикистони азиз, аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад.

Сипас, аз ҷониби Фирӯза Нуруллозода ба як қатор ҳомиёни пешқадами назму тартибот Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим ва ба ҳар яки онҳо дар иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ муваффақият таманно карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд