(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар шаҳри Хуҷанд давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ 438 маърака ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 дар умум 121 адад маърака зиёд мебошад. Аз ин шумора, тўи арўсию домодӣ 421 маърака буда, нисбат ба соли гузашта 130 маърака зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Хароҷоти маъракаҳои гузаронидашуда ба таври умумӣ тақрибан 2748,0 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 167 ҳазор сомонӣ кам масраф гаштааст.

Дар ин давра 8 ҳолати вайронкунии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ошкор карда шудааст. Аз ҷумла нисбати 2 нафар бе бастани шартномаи хизматрасонӣ, нисбати 2 нафар истифодаи бештар аз 4 автомобил дар маросими ақди никоҳи давлатӣ ва нисбати 4 нафар аз соати муқаррарнамуда барзиёд барпо намудани маърака парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол гардид.

Миқдори комиссияҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳр 224 ададро ташкил дода, дар ин давра фаъолияти комиссияи доимӣ 51 комиссияҳои ҷамъиятии корхонаву муассисаҳо санҷида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд