(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар варзишгоҳи маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд бозии ниҳоии мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футболи хурд байни маҳаллаҳо, идораҳо ва корхонаву ташкилотҳо барои дарёфти Ҷоми «Бобо Каримов» баргузор ва ҷамъбаст гардид.

Бояд қайд намуд, ки мусобиқа тибқи қоидаҳои амалкунандаи федератсия футбол гузаронида шуда дар он 24 даста иштирок намуданд. Дастаҳо тибқи ҷадвал ба 6 гурўҳ ҷудо гардида байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Бозиии ниҳоӣ ва ҷамъбастии мусобиқа байни дастаҳои “Раззоқ” ва дастаи “Доро” сурат гирифта, дар натиҷа дастаи футболбозони “Доро” бо ҳисоби 1:0 ғолиб гардиданд.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раҳматзода Аюбҷон иштирок намуда, ба ғолибон, ҷоизадорон ва бозингарони беҳтарин ифтихорномаҳо, ҷом ва тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Қобили зикр аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш дар маҳаллаҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа, рушди намуди варзиши футбол ҳамзамон татбиқи босамари Барномаи маҳаллии рушди футбол дар шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2017-2021 аз санаи 10 июн то 12 июли соли 2019 мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футболи хурд байни дастаҳои маҳаллаҳо, идораҳо ва корхонаву ташкилотҳо барои дарёфти Ҷоми «Бобо Каримов» дар варзишгоҳи маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ташкил ва гузаронида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд