(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бахшида 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд озмоишгоҳи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр таъмиру азнавсозӣ мегардад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки озмоишгоҳи мазкур солҳои 60-уми асри гузашта бунёд гардида, инак бори аввал дар замони Истиқлолият рӯйи таъмирро дида, он пурра азнавсозӣ ва бо аспобҳои муосири озмоишгоҳӣ таҷҳизонида мешавад.

Дар бинои озмоишгоҳ 12 адад утоқҳои корӣ навсозӣ гардида, ҳамзамон утоқҳои махсуси ёрирасони хизматрасонии озмоишгоҳӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд мегарданд.

Алҳол барои азнавсозии бинои озмоишгоҳ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст ва беш аз 10 нафар сохтмончиён бо кори доимӣ дар ду баст фаъолияти пурсамар доранд.

Роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр иқдоми шаҳрдориро бобати азнавсозии озмоишгоҳи марказ истиқбол намуда, таъкид доштанд, ки баъди истифода додани озмоишгоҳи муосир ҷойҳои нави корӣ ва сифати хизматрасонӣ ба беш аз 200 ҳазор сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланд ба роҳ монда мешавад. Бунёду азнавсозӣ ва истифодабарии чунин озмоишгоҳҳо гувоҳи он аст, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст.

Аз ин, рў аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар самти татбиқи самарабахши барномаву лоиҳаҳои соҳа, инчунин беҳбудбахшии шароити моддиву техникии муассисаҳои тандурустӣ маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҷалби сармояи ҳориҷӣ сол ба сол зиёд гардида истодааст.

Ин имкон медиҳад, ки барои шаҳрвандон хизматрасонии аъло роҳандозӣ гардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд