(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСанаи 22-юми марти соли равон, соати 10:00 дар саҳни театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар рӯзи чорабинӣ баргузории озмунҳои гуногуни миллӣ, аз қабили аз қабили бодбарак, буҷул, чиллакбозӣ, дастхобонӣ, лакпар, арғамчинкашӣ, гӯштингирӣ байни мӯйсафедон ва ғайраҳо баргузор, ғолибон муайяну бо тӯҳфаҳо қадршиносӣ хоҳанд шуд. Барномаҳои ҷолиби театрикунонидашуда ва консертӣ дар назар дошта шудааст.

Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилал мувофиқи нақшаи тасдиқгардида дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои наврӯзӣ ва пухтани сумалак ҷараён дорад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд