(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altТими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқотиқаҳрамонии Тоҷикистон, ки бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019-ро дар майдони худ бо тими “Аҳал”, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Туркманистон, бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ пайдо кард.

Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Аҳал”, ки имрӯз, 13-уми март, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури беш аз 25 000 тамошобин доир гардид, бидуни гол ба поён расид. Дар нимаи аввали дидор меҳмонон фаъол буданд. Нимаи дувуми бозӣ бо бартарии мизбонон гузашт. Вале кушодани ҳисоб ба футболбозон муяссар нашуд.

Бозии аввали ин дастаҳо 6-уми март дар шаҳри Ишқободи Туркманистон бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расида буд. Дастаи ғолиб аз рӯи натоиҷи ду бозӣ маълум гардид. Як голи дар меҳмонӣ задаи “Хуҷанд” ба даста пирӯзӣ овард.

Ба ин тартиб, “Хуҷанд” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019 дар гурӯҳи "D" бо дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), "Дордой" (Қирғизистон) ва "Алтин Асир" (Туркманистон) рақобат мекунад.

Дар даври аввали мусобиқот дар ин гурӯҳ ду дастаи Тоҷикистон – “Истиқлол” ва “Хуҷанд” - бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Бозӣ рӯзи 3-юми апрел дар майдони “Истиқлол” доир мегардад.

Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии дастаи “Хуҷанд”, гуфт, ки “Мо хеле хушҳол ҳастем, ки бохти порсоларо ҷуброн карда, ба мақсади худ расидем. Дар бозиҳои плей-офф муқобили “Аҳал” пирӯз шуда, бори аввал ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AФК роҳ пайдо намудем. Дар бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ мекӯшем, ки хуб бозӣ карда, мухлисонамонро шод гардонем. Зимнан, аз ҳазорҳо мухлисони даста, ки дар бозии ҷавобӣ дар варзишгоҳ моро хуб дастгирӣ карданд, сипосгузорем.”

Ба гуфтаи сармураббии “Хуҷанд” ҳайати даста имсол аз ҳисоби футболбозони дохилию хориҷӣ хеле пурқувват шудааст. Дар бозиҳои плей-офф муқобили “Аҳал”, ба ҷуз бозигарони тоҷик, легионерҳои даста - дарвозабон Давид Купатадзе ва ҳимоятгар Торнике Ҷимшелеишвили, ҳарду аз Гурҷистон, ҳимоятгар Асилҷон Бегимқулов аз Узбекистон, ҳамлагар Турсуналӣ Рустамов – узви дастаи мунтахаби миллии Қирғизистон – хуб ҳунарнамоӣ карданд.

Ёдовар мешавем, моҳи феврали соли гузашта дар ҳарду бозии плей-оффи Ҷоми AFC “Аҳал” бар “Хуҷанд” бо ҳисоби умумии 3:0 ғолиб омада буд. Бозии аввал дар шаҳри Балканободи Туркманистон бо ҳисоби 1:0 ва бозии ҷавобӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 0:2 хотима ёфт.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2019 дар минтақаи Марказӣ 2-юми апрел шуруъ шуда, 26-уми июн ба поён мерасад. Ба марҳилаи баъдӣ танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ пайдо мекунад. Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ нимфинал ва финали байниминтақавӣ доир мегардад. Сипас рақобати асосӣ - бозии ниҳоии Ҷоми АFC-2019 – рӯзи 2-юми ноябр баргузор мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд