(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд чорабинии пуршукуҳ таҳти унвони «Булбули Хуҷанд» баргузор гардид. Дар чорабинӣ хонандагони синфи 11 «в» бо роҳбарии омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Раъно Султонова дар бораи ҳаёту эҷодиёт ва фаъолияти шоири ширинкалом Камоли Хуҷандӣ маълумот доданд.

Хонандагон аз «Куллиёт»-и Хоҷа Камол ғазалҳо қироат намуда, баъдан аз зиндагиномаи шоир саҳнаи ҷолибу таъсирбахшеро намоиш доданд. Зикр гардид, ки гарчанд, ки шоир дар Табрез дар ғарибӣ вафот карда бошад ҳам, аммо доимо ёди Ватан мекард ва аз мулки Хуҷанд буданаш ифтихор дошт.

Суруди «Гуфт, ки ҳар ду» бар матни Камоли Хуҷандӣ дар иҷрои муҳассили гимназияи мазкур Тахмина Умарова хеле гӯшнавоз садо дод. Инчунин ғазалҳои Хоҷа Камол, ки бо дигар забонҳо тарҷума шудааст, аз тарафи толибилмон ироа карда шуд. Дар слайди мураттабгардида хонаи Камол, шеърхонии хонандагон дар хонаи Камол, боғи Камоли Хуҷандӣ, саёҳати хонандагон ба музейи кишваршиносӣ ва дигар чизҳои ҷолиб намоиш дода шуд.

Таъкид гардид, ки бо эҳтимом ва кӯшишҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 21 марти соли 2015 хоки Камол ба Ватан оварда шуда, дар шаҳри Хуҷанд боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо пайкараи ӯ, мақбара ва хонаю чорбоғи рамзии ин шоири ширинкаломи тоҷик мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Рақси толибилм Шоҳина Тоҳирова ва сурудҳои овозхон Даврон Ҳомидов ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Сарвари гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд Зулфия Ашӯрова чорабиниро ҷамъбаст намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки воқеан ҳам Камоли Хуҷандӣ ҳамчун шоири ширинкалом бо ашъору ғазалиёти латифи худ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик мавқеи босазо дошта, бо Саъдиву Ҳофизу Ҷомӣ дар як мавқеъ қарор дорад. Шоир дар ғарибӣ аз бекасиву бечорагӣ нолаву фиғон мекунад. Вале дар ҳар куҷое буд, бо ёди ёру диёру ватани худ умр ба cap мебурд. Ҳеҷ гоҳ зодгоҳи азими худ -Хуҷанди бостониро фаромӯш намекард, ҳамеша аз он ёд мекард, аз Хуҷандӣ будани худ фахр ҳам мекард.

Таъкид гардид, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳо ба тарбияи худшиносиву худогоҳӣ ва меҳанпарварии хонандагон мусоидат менамояд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд