(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иштироки Раҷаббой Аҳмадзода дар ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣРӯзҳои истироҳатии шанбе ва якшанбеи ҳафтаи гузашта бо ибтикор ва ташаббусҳои созандаву хайрхоҳонаи Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар шафати театри Хоҷа Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор гардида истодааст.
Дируз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ҷараёни фуруши маҳсулоти кишоварзӣ ошноӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ярмарка кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, корхонаҳои паррандапарварӣ, иттифоқҳои матлуботи вилоят, соҳибкорон ва дигар хоҷагиҳои ёрирасон маҳсулоти хушсифатро нисбат ба нархҳои бозор 20-30 фисад арзонтар пешниҳоди сокинон намуда истодаанд.

Дар ярмарка нархи як кило картошка 1 сомониву 90 дирам, пиёз 80 дирам, шакар 4 сомониву 50 дирам, гелос 4 сомонӣ, асал 20 сомонӣ, гӯшти гов 27-30 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 30 сомонӣ, як халтаи орди навъи якум 115 сомонӣ, як дона тухм 50 дирам арзиш доштанд. Роҳбари вилоят ба масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дод, ки бо истифода аз имконот нархҳо ба мардум боз ҳам арзону дастрас карда шаванд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар назди харидорону иштирокдорони ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баромад намуда, ҳамагонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният гуфт. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, минбаъд то анҷоми моҳи шарифи Рамазон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе ташкил карда мешавад.

Роҳбари вилоят дар партави мулоқоти Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ таъкид намуд, ки маънӣ ва асли ҳикмати моҳи Рамазон ба қадри неъмат расидан, эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан мебошад. Яъне бо гирифтани рӯза қонеъ шуда, фардоро андеша накардан сифати муъмини комил нест. Муъмини комил дурбин ва фарқкунандаи неку бад буда, тибқи фармудаҳои дини мубини ислом саодати зиндагии ин дунё ва охиратро талаб менамояд.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки корҳои бунёдкорию созандагӣ дар тамоми қаламрави вилоят суръати тоза гирифтааст, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд. Фақат дар ҳамин мавзеъ таҷдиду азнавсозии «Қалъаи Хуҷанд», меҳмонхонаи «Ленинобод», Маркази ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ, бунёди роҳи танобӣ, обутобгоҳи муосир ва ғайра имкон медиҳад, ки як гӯшаи шаҳри Хуҷанд боз ҳам ободу зебо гардад. Ҷалби зиёди сайёҳон башаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. Шаҳри Хуҷанд аз дигар шаҳрҳои қадимаи кишварҳои ҳамсоя камӣ надорад. Фақат мо бояд инфрасохторро мавриди таҷдид қарор диҳем. Маданияти шаҳрдориро боло бардорем.Мо танҳо дар якҷоягӣ хона, шаҳр, вилоят ва ҷумҳуриямонро обод карда метавонем.
Раиси вилоят гуфт, ки тибқи дастури Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд давоми се соли дарпешистода дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ вусъат дода мешавад. Инчунин, бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман, ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ анҷом дода шаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд