(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иҷлосияи нӯҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баргузор гардид.Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иҷлосияи нӯҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия ҳамчунин муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ширкат доштанд. Дар иҷлосияи мазкур ҳамчунин баробари 38 нафар вакилон ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр, намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат намуданд.
Баъди интихоби котиботи иҷлосия вакилон рӯзномаи маҷлисро  иборат аз ҳашт масъала барои баррасӣ тасдиқ намуданд.
Мувофиқи масъалаи якум ва дуюми рӯзномаи маҷлис муовини Раиси вилояти Суғд  Назира Ғаффорӣ  лоиҳаи  қарорҳои дахлдорро  дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод намудани Шарифзода Ш.Ф.   ва дар бораи «Тасдиқ кардани ба вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин намудани Муҳаммадзода Маъруф ба овоздиҳии вакилони шаҳрӣ пешниҳод намуд. Баъди тасдиқи лоиҳаҳои зикргардида, ба баррасии масъалаи сеюми рӯзнома «Дар бораи рафти таъмини иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд оғоз намуданд. Аз рӯи масъалаи мазкур муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода баромад намуд. Доири масъалаи мазкур вакил  аз ҳавзаи интихоботии Масҷиди Савр, №3 – Иброҳим Иброҳимов , вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Истиқлол, №22 Музаффар  Атохонов,  вакил аз ҳавзаи интихоботии “Хубҷам”, №33– Мӯҳсин Исобоев  ва прокурори шаҳри Хуҷанд Арабшо Солизода ба музокира баромаданд.
Аз рӯи масъалаи «Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет» сухан ба раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Дӯстии халқҳо”, №25 Ином Аминов дода  шуд. Ҳамчунин вакилон ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Себзор”, №7 Маликисломӣ Наим Мунаввар оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилиашро шунида қарори дахлдорро қабул намуданд.
Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ, раиси комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншоотҳои таърихию ҷуғрофӣ Ҳошимзода Раъно баромад намуда, аз вакилон даъват намуд,ки ба  номи  олими шинохта шодравон Нӯъмон Негматов гузоштани Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкоми   шаҳри Хуҷанд ва номгузорӣ намудани яке аз кӯчаҳои маҳаллаи “ВАҳдат” ба номи “Интернатсионалист” ҷонибдорӣ намоянд. Маҷлис ба тарафдории ин пешниҳод овоз дод.
Иҷлосияи нӯҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баргузор гардид.

Мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Абдумубин Исоев лоиҳаи 8 нақшаи муфассали  банақшагирии тарҳрезии маҳаллаҳои шаҳри Хуҷандро  ба вакилони шаҳрӣ пешниҳод намуда, ҳар кадоме аз ин нақшаҳоро муаррифӣ намуд.
Оид ба масъалаи мазкур вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Хебитат”, №40 – Иброҳимзода Набиҷон андешаҳои доири нақшаҳои муаррифигардида изҳор намуд.Ҳамчунин Маҷлисивакилони халқи шаҳри Хуҷанд якчанд қарорҳои ба имзорасидаи Раиси шаҳрро аз давраи иҷлосияи гузашта то ин иҷлосия тасдиқ намуданд.
Дар интиҳои кори иҷлосия муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ андешаҳои худро бобати масъалаҳои баррасигашта баён намуд.