(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Маҳфуза Усмонова – ғолиби озмуни «Донояк»Дар кӯдакистони №25-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Соли ҷавонон, 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Донояк» баргузор гардид. Дар озмун тарбиятгирандагони беш аз 30 муассисаҳои томактабии шаҳр иштирок карда, ҳунару истеъдоди хешро аз рӯи шартҳои: саломнома, шиносоӣ ва қироати шеъри кӯдакона, олами ҷавонон бо чашми кӯдакон, кори амалӣ, пурра намудани расми парранда, рақс ё суруд дар оҳанги миллии кӯдакона намоиш доданд.
Ҳайати ҳакамон ба истеъдоди ҳар як нафар тарбиятгиранда баҳои арзанда ва воқеӣ дода, беҳтаринҳро муайян намуданд.
Маҳфуза Усмонова аз кӯдакистони №25 ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардид. Шоҳҷоизаи озмунро Абдусалом Дадобоев аз МТТ №23 ба даст овард. Фарзона Маҷидова аз кӯдакистони №40 ва Ойиша Нурматова аз кӯдакистони №16 ба гирифтани мақоми дуввум мушарраф гардиданд. Саидҷон Умаров (МТТ№12), Шоҳсанам Қаюмова (МТТ№27), Шукрона Урунова (МТТ№18) ва Осия Ашурова (кӯдакистони «Дилоро») мақоми сеюмро сазовор гаштанд.
Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ ифтихорнома, медал, туҳфаҳои хотиравӣ ва лентаи рамзии ғолиби озмуни «Донояк-2017» ба Маҳфуза Усмонова супорида шуд.