(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳр собиқадорони меҳнати солҳои ҷангро аёдат намуд

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз якчанд собиқадорони меҳнат, шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ меҳнати диловарона намудаанд аёдат намуд.
Қаблан Раисии шаҳр ба манзили нафаре, ки дар солҳои ҷанг барои таъмини ғалаба хизмати шоиста намудааст, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиластӣ, собиқадори меҳнат, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Ҳамроҳ Тоҳирова омад.
Ин зани қаҳрамон бо самимияти хос меҳмононро қабул намуда, пеш аз ҳама барои таъмири манзилаш сипосмандӣ намуд ва барои кӯмаку таваҷҷӯҳ ва ғамхории пайваста ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуд. Раиси шаҳри Хуҷанд Ҳамроҳ Тоҳироваро аз номи мардуми шаҳри Хуҷанд бо Иди Ғалаба табрик намуда, таманниёти неки сокинонро ба ин собиқадори меҳнат расонд.Раиси шаҳр собиқадорони меҳнати солҳои ҷангро аёдат намуд
Шарифзода Шариф Файз ҳамчунин аз ҳолу зиндагии собиқадорони меҳнат Мушарраф Комилова, Раиса Флоровичева, Халича Насриддинова, Надежда Валеева ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Григорий Крушин хабар гирифта ба ҳамаи онҳо кӯмаки яквақтаи моддӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.